Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои муовини вазир дар вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, Кумитаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, меъморӣ ва сохтмон, рушди сайёҳӣ, Агентии назорати давлати энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва дигар мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самти рақамикунонӣ таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Анвар Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ таъин гардид.

Таъкид гардид, ки муовинон — сарпарастони соҳаи рақамикунонӣ дар самти ворид намудани технологияи муосир ва пайвастан ба низоми идораи электронии раванди кору истеҳсолот дар муҳлатҳои кутоҳтарин тадбирҳои мушаххас андешида мутахассисони дорои таҷрибаи кор бо технологияи иттилоотӣ ва донандагони забонҳои хориҷиро ба кор ҷалб ва тарбия намоянд.

Пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қисми 1 моддаи 57-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аз вазифаи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Худоёрзода Бахтиёр Тавар”, “Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қодирзода Абдуҷаббор Сафаралӣ” ва “Дар бораи аз узвияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Салимӣ Носирҷон Юсуфзода, Хидирзода Махфират Умар, Шодмонбек Юсуфбек Рустамбек, Самадзода Навруз Абдулҳамид, Азизӣ Муистон Бердизода бинобар ба охир расидани муҳлати ваколат” ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон ирсол гардид.

Ҳамзамон пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Зариф Ализода”, “Дар бораи муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Саидзода Ҷамшед Ҳамро” ва “Дар бораи аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Назарализода Дилафруз Муҳаммадалӣ, Маъмурзода Адҳам Маъмур, Раҷабзода Зайнура Абунаср, Самадзода Навруз Абдулҳамид, Хидирзода Махфират Умар ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон манзур карда шуданд.

Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншударо ба хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми кишвар, тарбияи кадрҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ дар соҳаҳои худ ва муомилаи шоиста бо шаҳрвандон ҳидоят намуданд.