15 ноябри соли 2022 дар шаҳри Димишқ мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода бо вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Ҷумҳурии Арабии Сурия Файсал ал-Миқдод доир гардид.
Дар бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот ҷонибҳо густариш ва тақвияти муносибатҳои дуҷониба дар арсаҳои гуногун, ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва масъалаи баргардонидани шаҳрвандонамон ба Ватанро баррасӣ намуда, перомуни вазъияти кунунии минтақа ва ҷаҳон табодули афкор намуданд.