Дар ҷомеаи сунатии мо хӯрдани ҳаққи ятим гуноҳи азим маҳсуб мешавад. Бар замми ин, харҷи мактаб-интернатҳо аз буҷа буда, буҷа низ аз андозҳои мардум ташаккул ёфтааст.
“-таъмини хонандагони мактаб – интернатҳо бо хӯроки ройгон дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети маҳаллӣ” (моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”)
Таҳқиқоти мо бобати чигунагии харҷу дахли мактаб-интернатҳо нишон дод, ки нобаробарӣ дар маблағгузорӣ барои хӯроки кӯдакон дар мактаб-интернатҳо дида мешавад. Ҳол он ки тибқи талаботи қонунгузорӣ шароит бояд яксон бошад.
“Давлат барои ҳамаи кӯдакони ятим ва бепарастор шароити баробар муҳайё менамояд.” Моддаи 32-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”
Бар замми ин, роҳбарияти чанде аз хона-интернатҳо дар корҳои таъмиру сохтмонӣ маблағ тасарруф намуда, изофанависӣ кардаанд, воситаҳои пулию молиро талаф додаанд.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли таҳсили 2020-2021 шумораи умумии ятимон 39144 нафар расида, теъдоди писарон 20829 ва духтарон 18315 аст. Дар ин миён ятимони кулл 1645 нафар будаанд. Айни ҳол дар ҳудуди Тоҷикистон 63 мактаб-интернат амал мекунад.
Дар маҷмӯъ, соли 2021 барои нигоҳдорӣ ва фаъолияти муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла хона-интернат барои кӯдакон, хона-интернат барои калонсолон (касалиҳои рӯҳӣ), хона-интернат барои пиронсолон 49, 4 млн сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Ба ҷуз маблағи буҷа, сарпарастон, созмонҳои хайриявӣ ва шахсони алоҳида ба муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ дасти ёрӣ дароз мекунанд.
Аз Вазорати молия вобаста ба маблағгузории хона-интернатҳо дар давраи солҳои 2017-2021 ба чанд савол муроҷиат намудем.
-Ҳаҷми маблағгузорӣ ба хона-интернатҳо аз соли 2017 то соли 2021 чӣ қадар афзуд?
-Дар давоми солҳои 2017-2020 барои нигоҳдорӣ ва фаъолияти муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла хона-интернат барои кӯдакон, хона-интернат барои калонсолон (касалиҳои рӯҳӣ), хона-интернат барои пиронсолон 157,7 млн сомонӣ равона гардида, дар соли ҷорӣ ба ин мақсад 49, 4 млн сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2017 ба андозаи 42 фоиз зиёд мебошад.
-Оё ҳама хона-интернатҳо аз ҷониби давлат маблағгузорӣ мегардад?
-Маблағгузории ҳамаи муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ амалӣ карда мешавад.
-Кумаки сарпарастон ва маблағҳои хайриявӣ дар ин самт чӣ қадар аст?
-Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҳисоби сарпарастон ва маблағҳои хайриявӣ барои хона-интернатҳо дар давоми солҳои 2017-2020 дар ҳаҷми 7,1 млн сомонӣ, аз ҷумла, кумаки сарпарастон 948,5 ҳазор сомонӣ ва маблағҳои хайриявӣ 6,2 млн сомонӣ ҷудо карда шудааст. Дар нӯҳ моҳи соли 2021 ин маблағ 1,6 млн сомонӣ, аз ҷумла кӯмаки сарпарастон 427,8 ҳазор сомонӣ ва маблағҳои хайриявӣ 1,2 млн сомониро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, кумакҳои сарпарастон пулӣ набуда, дар шакли моддӣ расонида мешавад. Одатан дар иду чорабинӣ расонида бештар дастрас мегардад. Аз Мактаб-интернати ноҳияи Шаҳринав, Рӯшон низ инро тасдиқ карданд.
Санҷиши ниҳодҳои қудратӣ дар хона-интернатҳо чиро ошкор кард?
Мо аз ду сохторе, ки самти фаъолияташон санҷишу назорати чигунагии истифодаи маблағҳои буҷавист, маълумот хостем то дақиқ намоем, ки масъулини хона-интернатҳо маблағҳоро чӣ гуна истифода кардаанд.
Омори пешниҳодкардаи Палатаи ҳисоб ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишон медиҳад, ки хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ, камомад ва тасарруф, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ, маблағи кам ҳисобшуда ва рӯйпӯшгардидаи андозу пардохтҳои ҳатмии андоз низ дар чандин хона-интернату мактаб-интернатҳо ошкор шудааст.
Палатаи ҳисоб
Тибқи нақшаи чорабиниҳои аудиторӣ аз ҷониби Палатаи ҳисоб соли 2020 дар 6 хона-интернат ва нуҳ моҳи соли 2021 дар 6 хона-интернат аудити молиявӣ гузаронидааст.
Дар натиҷаи аудитҳои гузаронидашудаи соли 2020 камбудиҳои молиявӣ аз истифодаи маблағҳои буҷетӣ ва дигар воситаҳои давлатӣ дар маҷмӯъ ба маблағи 249,1 ҳазор сомонӣ ошкор карда шудааст, ки онҳо аз ҳисоби нодуруст ҳисоб ва пардохти намудани музди меҳнати кормандони муассисаҳо ба маблағи 40,6 ҳазор сомонӣ, хароҷоти аз меъёр зиёд ва (ё) беасос аз эътибор соқит намудани молу маводи арзишдор 5 ҳазор сомонӣ, камомади молу маводҳои арзишдор 2,1 ҳазор сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 3,7 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби пардохтҳои ҳатмӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмие, ки ба буҷети давлатӣ пардохт карда нашуда, 143,8 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби дигар хароҷотҳои ғайриқонунӣ 53,9 ҳазор сомонӣ ба амал омадааст.
Натиҷаи аудитҳои гузаронидашуда дар нуҳ моҳи соли 2021 дар фаъолияти 6 хона-интернат камбудиҳои молиявӣ дар маҷмӯъ ба маблағи 447,1 ҳазор сомонӣ ошкор кардааст, ки аз он хароҷоти нодуруст ҳисоб ва пардохти намудани музди меҳнати кормандон ба маблағи 79,5 ҳазор сомонӣ, хароҷоти аз меъёр зиёд ва (ё) беасос аз эътибор сокит намудани молу маводи арзишдор 1,6 ҳазор сомонӣ, камомади молу маводҳои арзишдор 10,0 ҳазор сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 31,2 ҳазор сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 32 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби пардохтҳои ҳатмӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмие, ки ба буҷети давлатӣ пардохт карда нашудааст 292,8 ҳазор сомонӣ ба амал омадааст.
Муассисаи давлатии таълимиии “Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар шаҳри Кӯлоб” соли 2020 дар ҳаҷми 37000, 40 сомонӣ, Муассисаи давлатии таълимии “Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Шамсидини Шоҳин” 27069,10 сомонӣ, Муассисаи давлатии таълимиии “Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон” 31177, 35 сомонӣ, Муассисаи давлатии таълимиии “Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Рӯдакӣ” 35221, 60 сомонӣ, Муассисаи давлатии таълимиии “Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ” 63437, 17 сомонӣ ва Муассисаи давлатии таълимиии “Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакон кари ноҳияи Рӯдакӣ” 55175,30 сомонӣ зарари молиявӣ расонидаанд, ки дар маҷмӯъ 249080,92 сомониро ташкил медиҳад.
Дар нуҳ моҳи соли 2021 Муассисаи давлатии “Хона-интернати пиронсолон дар шаҳри Панҷакент” 71338, 20 сомонӣ, Муассисаи давлатии “Хона-интернати пиронсолон дар шаҳри Турсунзода” 93336,81 сомонӣ, Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони рӯҳӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов” 78338,50 сомонӣ, Муассисаи давлатии “Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби Чорбоғ” 85257, 60 сомонӣ Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони рӯҳӣ дар ноҳияи Восеъ” 63499,90 сомонӣ зарари молиявӣ ба буҷа расонидаанд, ки ҷамъ 447063, 71 сомониро ташкил медиҳад.
Натиҷаи санҷишҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон соли 2020 ва 10 моҳи соли 2021 дар асоси нақшаи корӣ ва дархостҳои асосноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолияти 10 мактаб-интернат ва хонаҳои кӯдакони ятиму бепарасторро дар ҳудуди шаҳрҳои Душанбе, Истаравшан, Кӯлоб, ноҳияҳои Шаҳринав, Нуробод, Вахш ва Рӯшон таҳти санҷиш қарор дода, ба маблағи 431,5 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намудааст.
Аз маблағҳои ошкоршуда хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ 134,6 ҳазор сомонӣ, камомад ва тасарруф 38,3 ҳазор сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 41,1 ҳазор сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 31,7 ҳазор сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ 82, 3 ҳазор сомонӣ, маблағи кам ҳисобшуда ва рӯйпӯшгардидаи андозу пардохтҳои ҳатмии давлатӣ 103,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷа, 315,2 ҳазор сомонӣ ба буҷети давлатӣ ва 71, 8 ҳазор сомонӣ ба муассисаҳои тафтишгардида, ҷамъ 387 ҳазор сомонӣ ё 89,7 фоизи маблағҳои ошкоршудаи зарар барқарор гардида, вобаста ба рӯёнидани боқимондаи он тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.
Инчунин, бо чораандешии кормандони Агентӣ аз ҳисоби бақияпулиҳои андоз ва дигар манбаъҳо 116,1 ҳазор сомонӣ ба суратҳисобҳои буҷети давлатӣ ворид гардида, дар ҳисоботҳои муҳосибии муассисаҳо ба маблағи 288,9 ҳазор сомонӣ зиёдомади воситаҳои асосӣ ва молу маводҳои арзишдор ба даромад гирифта шудааст.
Таҳқиқоти мо чиро фаро гирифт?
Таҳқиқоти журналистии мо фарогири ҳама минтақаҳо буд ва мо фаъолияти ду мактаб-интернат аз вилояти Суғд, як мактаб интернат аз вилояти Хатлон (шаҳри Кӯлоб) як мактаб-интернат аз ВМКБ (ноҳияи Рӯшон) ва ду мактаб-интернати ноҳияҳои тобеи марказро мавриди таҳқиқ қарор додем.
Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Шаҳринав
Бо кумаку дастгирии шахсони саховатманд ва хайрхоҳ аз аввали сол барои хӯрока 98660,00 сомонӣ маблағ, барои маводҳои хочагидорӣ ва конселярӣ 91386,00 сомонӣ маблағ ҳамчун хайрия кӯмак карда шудааст, ки аз ин маблағ 8648,00 сомонӣ маводи хӯрока ва 49376,00 сомонӣ маводҳои хоҷагидорӣ аз тарафи сарпарасти муассиса – Кумитаи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ шудааст.
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Шаҳринав айни ҳол дар ин мактаб 254 нафар хонанда фаро гирифта шудааст. Дар солҳои 2020-2021 дар мактаб-интернат аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 2651843 сомонӣ ҷудо шудааст. Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои маводи хӯрока ба як кӯдак дар як рӯз 11 сомонӣ маблағ мешавд.
Намозхон Бобоев, директори Мактаб- интернети ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринав мегӯяд, дар як рӯз барои хӯроки як кӯдак 11 сомонӣ ҷудо карда мешавад. Солҳои пеш 3-4 сомонӣ ҷудо мешуд. Вале ӯ ба ин назар аст, ки маблағи ҷудогардида дар ҳаҷми 11 сомонӣ низ кам аст.
“Агар хоҳем, ки кӯдак солим ба воя расад, тибқи меъёр барои як кӯдак бояд, ки аз 16 то 18 сомонӣ ҷудо карда шавад.”
Вай мегӯяд, сарпарат-Кумитаи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як сол ба муассисаи онҳо 1 миллион сомонӣ барои хӯроки кӯдакон ҷудо кардааст.
Саидалам, хатмкардаи Мактаб- интернети ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринав буда, нақл мекунад, ки хӯроки гарм ҳамеша дода мешуд, вале на ҳамеша шикамсерӣ. Бачаҳо нонпурсӣ мерафтанд, на ҳамеша талаботашон қонеъ мегардид. Ҳозир вазъ беҳтар шудааст.
Ба иттилои як духтури бахши назорати ғизо аз Маркази санитарию эпидемиологӣ, ғизои хуб дар тӯли ҳаёти инсон муҳим аст, махсусан даврони кӯдакию наврасӣ. “Инкишофи мушак, устухон, бофтаҳо аз ғизо вобаста аст. Вазорати тандурустӣ тартибро мушаххас намудааст, ки барои як кӯдак дар як рӯз чӣ қадар минерал, витамин ва сафеда зарур аст. Вале то куҷо он риоя мешавад аз марбут ба виҷдони роҳбарияти чунин муассисаҳо ва маблағгузории соҳа аст.”
Дар ҳамин ҳол Дилшода Қаюмова, корманди Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъкид менамояд, ки аз тарафи вазорат меъёри ғизо барои кӯдакон аз рӯйи синну сол мушаххас шудааст. “Масалан, кӯдаки мактабхон бояд наҳҳорӣ намояд, нисфирӯзӣ ва шом хӯрок истеъмол кунад.
Сафедаю гӯштро назар ба карбогидраду чарбҳо як баробар бештар хӯрдан даркор. Кӯдак бояд ширинаву маҳсулоти равғаниро камтар истеъмол намояд. Агар секунҷаи ғизоро мисол орем, кӯдакон меваю сабзавот, маҳсулоти ширӣ, гӯшт ва тухм истеъмол кунанд. Кӯдакони имрӯза нисбат ба кӯдакони солҳои 90-ум қадпастӣ доранд. Сафедаро бояд истеъмол намоянд. Агар кӯдак ғизои носолим истеъмол кунад, қадаш паст мешавад, инкишофи ҷисмонӣ ва ақлониаш суст мегардад.”
Мактаб – интернати ҷумҳуриявии кӯдакони шунавоияшон суст ва деркаршудаи ноҳияи Рӯдакӣ
Дар Мактаб – интернати ҷумҳуриявии кӯдакони шунавоияшон суст ва деркаршудаи ноҳияи Рӯдакӣ 218 нафар хонанда аз тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки 74 нафарашонро духтарҳо ташкил медиҳанд.
Барои нигоҳубини мактаб-интернат аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ дар соли 2020 маблағи 2747949 сомонӣ ҷудо гардида буд, ки аз ин 1651679 сомонӣ барои мӯзди меҳнат пешбинӣ шуда буд. Дар соли 2021 бошад маблағи 3290754 сомонӣ ҷудо гардидааст, ки 1868422 сомонӣ барои мӯзди меҳнат мебошад.
Соли 2021 барои хӯрокаи хонандагон маблағи 598778 сомонӣ ҷудо гардидааст, ки барои ҳар як хонанда дар як шабонарӯз 6,84 сомониро ташкил мекунад.
Сарпарастии мактаб-интернатро Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонин назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад, ки мунтазам кумакҳои амалии худро мерасонанд. Ҳамчунин, аз ҷониби шахсони хайрхоҳ низ баъзан кумакҳои хайриявӣ расонида мешавад.
Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Рушон
Барои як бошандаи Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Рушони ВМКБ ба номи Каромшоев Додхудо дар як рӯз барои таъмини маводи хӯрока 21 сомонӣ сарф мегардад ва дар умум ҷиҳати таъминоти моддӣ дар як сол барои як нафар ятим 7400 сомонӣ сарф мешавад;
-Соли 2021 ба мактаб-интернати мазкур 3,202176 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2020, 8.6 фоиз беш мебошад.
– Сарпараст. Ширкати «Помир эенрҷӣ».
Бахтовар Давлатқадам, директори Муассисаи таълимии давлатии «Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» мегӯяд, соли 2020 то таъин шудани ӯ ба ин маснад Палатаи ҳисоб дар ин муассиса санҷиш гузаронид ва зарари молиявӣ ошкор кард.
Дарвоқеъ, соли 2020 чунин тағйироти кадрӣ дар ин муассисаи таълимӣ сурат гирифта, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 августи соли 2020 №449 Давлатқадам Бахтовар Содатқадам, директори Муассисаи таълимии давлатии Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшон таъин гардидааст.
Вале маълум карда натавонистем, ки сабаби аз кор озод намудани роҳбари қаблӣ ошкоршавии камбудиҳо дар натиҷаи санҷиш буд ё чизи дигар. Мутаассифона, муҳосиб ва худи ӯро пайдо карда натавонистем.
“Даврони фаъолияти роҳбарии қаблӣ, яъне, моҳи июни соли 2020 санҷиш аз ҷониби Палати ҳисоб анҷом шуда, асосан воҳиди барзиёди кориро ошкор кард. Бархе 1,5 то 2 ставка (воҳиди корӣ) доштанд, ки баъди санҷиш онҳо бартараф карда шудаанд.”,-иттилоъ дод Бахтовар Давлатқадам.
Дар асл, маблағи зарари умумии молиявиеро, ки Палати ҳисоб дар ин муассиса ошкор кардааст ба 63437 сомонию 17 дирам расида, хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ аз ҳисоби хароҷотҳои ғайриқонунӣ 53311, 75-ро ташкил додааст.
Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар шаҳри Кӯлоб
Дар соли таҳсили 2020-2021 мактаб-интернат 125 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст.
Ҳоло дар хобгоҳ 120 нафар тарбиятгирандагон, аз он ҷумла 14 нафар духтарон, истиқомат доранд.
Маблағи ҷудогардида аз буҷети давлатӣ давоми солҳои 2018-2021:
Соли 2018 – 2059295 сомонӣ ҷудо карда шудааст;
Соли 2019 – 2248116 сомонӣ ҷудо карда шудааст;
Соли 2020 – 2255830 сомонӣ ҷудо карда шудааст;
Соли 2021 – 2026168 сомонӣ ҷудо карда шудааст;
Дар як шабонарӯз барои таъмини эҳтиёҷи як кӯдак ба маводи хӯрока 15 сомонӣ маблағ сарф карда мешавад.
Барои таъминоти моддии як нафар ятим дар умум ба микдори 4820 сомонӣ тақрибан сарф мешавад.
Аз роҳбарияти муассисаи мазкур дар бораи санҷиши анҷомдодаи Палатаи ҳисоб ва ошкоршавии маблағи ғайримақсаднок суол намудем, ки рад накард.
С. Файзализода, директори мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар шаҳри Кӯлоб гуфт, воқеан дар асоси Фармоиши Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон (12 11.2020 №1/6-248) аз ҷониби мутахассиси Раёсат оид ба масъаллаҳои сиёсати иҷтимоии Палатаи ҳисоб Раҷабзода Ҳ. Ҷ аудути молиявӣ гузаронида шуда “баъди санҷиш дар Мактаб-интернат камбудиҳои ошкоргардида бартараф карда шуданд. Аз ҷумла, дар 10 ҳолат фарқияти маблағҳои дархости тендер ва хароҷоти аслии маблағҳо (сарфа) ба маблағи 36136 сомонӣ, ки дар натиҷаи гузаронидани тендер бавуҷудомада буд, ба суратҳисоби махсуси хазинадории муассиса пардохт карда шуд. Маблағи 15782,7 сомонӣ ба буҷети давлатӣ ба рамзи 94 бақарор карда шуд.”
Муассисаи таълимии давлатии «Мактаб – интернати махсус барои кӯдакони кар ва шунавоиашон сусти ба номи Тухтабой ва Ғаффуров”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Дар ин мактаб-интернат 314 нафар таълимгирандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Ҷойи хоб барои 275 нафар таълимгиранда пешбинӣ шуда, 39 нафар таълимгирандагон аз ноҳияи Б.Ғафуров, шаҳри Бӯстон, Гулистон ва Хуҷанд рафтуомад дорад.
Айни ҳол дар мактаб-интернат 11 нафар ятим, аз он ҷумла як нафар ятими кулл ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.
Дар соли 2021 ба мактаб-интернат 2937030 сомонӣ маблағ ҷудо шудааст, ки аз ин барои хӯрок 445560 сомонӣ мебошад, ки ин назар ба панҷ соли охир 115560 (яксаду понздаҳ ҳазору панҷсаду шаст) сомонӣ зиёд мебошад. Дар муқоиса ба панҷ соли охир 35% зиёд аст.
Аз тарафи буҷет дар як шабонарӯз як нафар кӯдак ба маблағи 5,35 дирам дирам хӯрок истеъмол мекунад. Бо дастгирии сарпарастон ва саховатмандон ба 7,5-8 сомонӣ мерасад.
Тибқи Амри Раиси вилояти Суғд ба мактаб-интернат ду сарпараст кӯмак мерасонад:
1. Корхонаи воҳидии «Экспедитсияи комплексии геологии Қайроқум»
2. Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии вилояти Суғд
Муассисаи давлатии Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор”-и МИҲД-и вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон
Дар Муассисаи давлатии Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор”-и МИҲД-и вилояти Суғд 81 гафар таълимгираднда, аз ҷумла, 31 нафар духтар ва 50 нафар писар аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ва чумҳурӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд.
Дар муддати 5 сол аз тарафи буҷети вилоятӣ ва соҳибкорон ба муассиса чунин маблағгузор ва хароҷот карда шудааст.
Соли 2021 нақшаи тасдиқшудаи буҷетӣ дар ин муассиса 1580434 сомонӣ буда, барои маводи хӯрока 514000, 00 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Кумаки соҳибкорон 37873,30 сомонӣ будааст.
Барои як нафар тарбиягиранда дар як рӯз 18,91 сомонӣ ҷудо мегардад.
Хулоса:
Таҳқиқоти мо нишон дод, ки хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ, камомад ва тасарруф, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ, маблағи кам ҳисобшуда ва рӯйпӯшгардидаи андозу пардохтҳои ҳатмии андоз низ дар хона-интернату мактаю-интернатҳо ҷой дошта, аз ҷониби мақомоти санҷишӣ ошкор шудааст.
Инчунин нобаробарӣ дар маблағгузорӣ барои хӯроки кӯдакон дар мактаб-интернатҳо ҷой дорад.
№ | Муассиса | Мавқеи ҷойгиршавӣ | Маблағ барои хӯрок барои як кӯдак дар рӯз | Сарпарастон |
1 | Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим | (ВМКБ) Ноҳияи Рушон | 21 сомонӣ | Сарпараст. Ширкати «Помир эенрҷӣ». |
2 | Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим | Вилояти Хатлон. Шаҳри Кӯлоб | 15 сомонӣ | |
3 | Мактаб – интернати махсус барои кӯдакони кар ва шунавоиашон суст | Вилояти Суғд. Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров | 5,35 сомонӣ | 1.Корхонаи воҳидии «Экспедитсияи комплексии геологии Қайроқум» 2.Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии вилояти Суғд |
4 | Мактаб – интернати ҷумҳуриявии кӯдакони шунавоияшон суст ва деркаршуда | Ноҳияи Рӯдакӣ | 6,84 сомонӣ | Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонин назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
5 | Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим | Ноҳияи Шаҳринав | 11 сомонӣ | Кумитаи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
6 | Мактаб-интернат барио кӯдакони ятим ва бепарастор | МИҲД-и ноҳияи Бӯстон | 18.91 сомонӣ | Соҳибкорон |
Раҳматулло Одинаев
Сафарбек Кабиров