Дирӯз дар меҳмонхонаи “Ҳайат реҷенсӣ”-и шаҳри Душанбе вобаста ба таҳлил ва баррасии масъалаҳои баланд бардоштани сифати кӯмаки беморхонавӣ ва сатҳи антенаталӣ оид ба паст намудани фавти модарону навзодон ва кӯдакон ҷиҳати ноил гаштан ба мақсадҳо дар доираи Ҳадафҳои Рушди Устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати омӯзишӣ баргузор гардидааст.
Дар ин бораи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар дода, менависад, ки дар кори он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Зулфия Абдусаматзода, мушовирони байналмилалӣ аз Минтақаи аврупоии ТУТ ва марказҳои ҳамкорикунандаи ТУТ аз Маркази тадқиқотии илмӣ ва перинатологии ба номи академик Кулакови Федератсияи Россия, ходимони илм, табибони пуртаҷрибаи соҳавӣ, роҳбарони муассисаҳои соҳавӣ ва шарикони оид ба рушд иштирок намуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар идомаи ҷаласа аз тарафи ходимони илм ва табибони варзидаи соҳаи акушерӣ ва гинекологӣ, коршиносони байналмилалӣ оид ба масъалаҳои нигоҳубини самараноки перинаталӣ ва сарпарастӣ, аудити ҳолатҳои критикӣ, аудити перинаталӣ ва мурдатаваллуд, давраҳои воридсозии модели муосири равонакунии перинаталӣ, шиносномаи модар, скрининги перинаталӣ, скрининги гарданаки бачадон, пешгирии сироят ва назорати сироят, сепсис ва перитонит, тромбоэмболия, буриши қайсарӣ ва вакуум-экстраксия, минтақакунонии хизматрасонии перинаталӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалҳо оид ба баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба навзодон ва кудакон маърӯзаҳо шунида шуда, ҷиҳати рафъи мушкилотҳои ҷойдошта аз ҷониби коршиносони байналмилалии ТУТ тавсиҳои муфид пешниҳод гардиданд.