Се ҳаводис- яъне баргузории Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон (1992), бори аввал муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди ҷаласаи 48-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид дар Ню-Йорк (1993) ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (1997) метавонанд ҳатто аз рӯи назарияи илмӣ муҳимтарин ҳаводиси таърихи навини тоҷикон арзёбӣ гарданд.
Саодатманд аз онам, ки дар ин се ҳаводиси муҳими таърихи навини мамлакатамон ҳамчун шоҳиди ҳол ва дар ҷойе ба ҳайси иштирокдори раванд ҳузур доштам.
Масалан, дар Иҷлосияи ХV1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум), ки 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ ифтитоҳ ёфта, то 2 декабри ҳамон сол давом ёфт, банда ба ҳайси хабарнигори парлумонии рӯзномаи «Ҷумҳурият»– дар айни замон нашрияи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доштам.
Аз ин лиҳоз, ҳамчун шоҳиди бевосита бар он назарам, ки ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи истиқлолият ва давлатдории миллӣ, рушд ва инкишофи минбаъдаи Тоҷикистон нақши муҳим ва муайянкунанда бозидааст.
Яке аз вазифаҳои муҳими ҳамон давр- ин такмил додани қонунгузории миллӣ буд. Дар муддати муайян мо тавонистем оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши миллӣ ва неруҳои посбони сарҳадро таъсис диҳем, аксарияти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонем ва ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ созем.
Дар ҳоле, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди шӯравӣ қариб ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ дар ҳолати парешонӣ, номуайянӣ ва норӯшании дурнамои давлатӣ қарор доштанд, мо шоҳиди он шудем, ки зимни суханронии аввалини худ сарвари ҷавони миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ёд кардани савганд ва бӯсидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбари иҷлосия чунин гуфта буданд: «Ман оғози кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ҳангоми интихоби кадрҳо кӯшиш мекунам, ки намояндагони тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ шомил шаванд. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам».
Маҳз дар партави ҳамин суханони таърихӣ зимни Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони кумита ва комиссияҳои Шӯрои Олӣ, Раиси Шӯрои вазирон ва аъзои Ҳукумат аз нав интихоб гардиданд.
Ҳамчунин дар ин иҷлосияи тақдирсоз 74 қонун, қарор ва фармонҳо ба тасвиб расиданд, ки ба назари мо, заминаҳои нахустини таҳкиму густариши Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устувор намудани пояҳои давлатдорӣ, инкишофи сохторҳои ҳукуматӣ ва иртиботи онҳо бо ҷомеа, таҳкими истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро фароҳам оварда, эътимоду боварии мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳониро ба ояндаи умедбахши ин ҷумҳурии тозаистиқлол ба вуҷуд оварданд.
Муҳимтарин ҳодисаи дуюми таърихи навини тоҷикон, ки дар арсаи байналмилалӣ рух дод, нахустин муаррифии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буд, ки 29 сентябри соли 1993 ба вуқӯъ пайваст.
Он рӯз, бори авввал дар таърих роҳбари давлати тоҷикон, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди ҷаласаи 48-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ намуда, Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд.
Ёд дорам, ки банда низ дар он толори СММ, дар радифи даҳҳо коршиносону рӯзноманигорони хориҷӣ нишаста будам. Он замон дар доираи як барнома дар Амрико, дар риштаи рӯзноманигории байналмилалӣ таҳсил доштам. Котиботи СММ як зумра рӯзноманигорони хориҷиро, ки дар ИМА қарор доштанд, ба ин ҷаласаи 48-уми Ассамблеяи Генералии СММ даъват намуда буд.
Аз дидор бо роҳбари давлату миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ин иқболи баланд ифтихору сарбаландӣ тамоми вуҷудамро фаро гирифта буд. Роҷеъ ба ин як гузориши телевизиони Тоҷикистон, ки рӯзноманигори маъруф Саёҳат Неъматова омода карда буданд, низ дар бойгониям маҳфуз аст. Ин ҳодисаи нодири таърихиро банда дар китоби сафаргуфтаҳоям бо номи «Амрико бо Муҳаммад Эгамзод» низ ёдовар шудаам, ки онро соли 1996 нашриёти USIS дар Вена чоп карда буд.
Суханони дигари таърихии Роҳбари ҷавони давлати тоҷикон, ки аз ҳамон минбари иҷлосияи таърихӣ садо дода буданд: «Мо барои музокирот бо ҳамаи неруҳое, ки умеди раҳонидани Тоҷикистонро аз буҳрони сиёсиву иқтисодӣ доранд, омода ҳастем», роҳи ҳалли хотимаи ҷанг, истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро кушоданд.
Аз ҳамон лаҳзаҳо то ба имрӯз фарзанди барӯманди миллат Эмомалӣ Раҳмон рисолати бузургеро бар дӯши хеш гирифтаанд, ки иҷрои он ҷасорати сиёсӣ, фидокорӣ, бурдборию қотеият талаб дорад.
Ҳақиқати таърихӣ ва воқеият дар он аст, ки агар дар ҳамон марҳилаи парешонии тоҷикон ва ноустувории давлати ҷавону тозаистиқлоли мо Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат намеомаданд, шояд сулҳи пойдор ва ваҳдату ягонагӣ ҳам муяссар намешуд. Кишваре бо номи Тоҷикистон комилан мумкин буд, ки аз байн равад….
Маҳз оғози раванди гуфтушуниди тоҷикон ва таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, ки зиёда аз се солро дар бар гирифта, 27 июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ хотима ёфт, метавонад сеюмин муҳтимтарин ҳаводиси таърихи навини тоҷикон арзёбӣ гардад.
Ҳамчун собиқ котиби матбуотии Комиссияи оштии миллӣ аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон ва иштирокдори раванди гуфтушунидҳои байни тоҷикон бар он назарам, ки маҳз ҷасорати сиёсӣ, заковати азалӣ ва садоқати беназири Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хусусан гузашт карда тавонистан, қудрат ва тавони бахшидан, авф кардану ҳарфи мухолифинро шунидан имкон дод, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ хотима ёбад.
Ҳамон солҳо шоҳиди он будем, ки бо мақсади поён бахшидан ба ҷанги дохилӣ, пешгирии фоҷиаи миллӣ ва харобшавии асосҳои иқтисодию ҷамъиятӣ ва сиёсии давлат, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории гурӯҳҳои гуногун, ташкилоти ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, таъмини фаъолияти муътадил ва таҳкими мақомоти давлатӣ, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти принсипҳои башардӯстӣ қарор қабул карда буд, ки шахсони аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 дар минтақаҳои мухолифати мусаллаҳона ҷиноят ё амалҳои ғайриқонунӣ содиркарда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида нашаванд.
Ин санадҳои муҳим ва қабули Қонун «Дар бораи гурезагон», ки ба онҳо амнияти шахсӣ, ёрии моддӣ ва имтиёзҳои имконпазирро кафолат медоданд, эътимоду боварӣ ба роҳбарияти нави Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмонро таҳким бахшида буданд.
Боз як мисол аз он даврони вазнин. Дар бинои меҳмонхонаи «Вахш»-и пойтахт Комиссияи оштии миллӣ иборат аз 26 нафар (13-нафарӣ аз ҳарду ҷониб) фаъолият дошт, ки вазифаи асосии он дар ҳаёт татбиқ намудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ буд. Ҳангоми сар задани масоили баҳсӣ, бахусус дар ҳолатҳое, ки раванди сулҳро метавонистанд халадор кунанд, Роҳбари давлат ба ҳайати комиссияи ҷониби ҳукуматӣ мегуфтанд, «майлаш, ба хотири сулҳ гузашт мекунем».
Ин аст, ки имрӯзҳо мо метавонем бо сари баланду рӯи сурх ва забони бурро гӯем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ваъдаҳои додаашон вафо карданд, тамоми гурезаҳоро бозгардониданд, ҷангро хотима бахшиданд, дар Тоҷикистон давлати демократию ҳуқуқбунёд бунёд намуданд.
Метавон гуфт, ки Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон яке аз аввалин ҳаводиси муҳими таърихи навини тоҷикон арзёбӣ гардида, заминагузори равандҳои баъдии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки рушду нумӯъ ва шукуфоии ҷумҳурии азизамонро пайваста таъмин менамояд.
Муҳаммад ЭГАМЗОД,
мушовири Раёсати кишварҳои
Осиё ва Уқёнуси Ороми
Вазорати корҳои хориҷии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бознашр аз АМИТ «Ховар»