14 ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии муштараки Ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии ду кишвар, таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва муовини Сарвазир – Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон Қамчибек Тошиев баргузор гардидааст.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар дода менависад, ки аз натиҷаи нишаст протоколи дахлдор ба имзо расонида шуд. Ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки ҷаласаи навбатии комиссияи мазкур дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон доир карда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифтааст.