Имрӯз, 14 ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” вобаста ба таҳлилу баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон дар муассисаи мазкур ва дар ин замина бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта вохурӣ доир гардидааст.
Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар дода, менависад, ки нахуст Зоир Набиев, сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи Ин Вазорат ба роҳбарият ва кормандони пажӯҳишгоҳи номбурда барои фаъолияти шабонарӯзӣ дар самти таъмини солимии модарон ва кӯдакон изҳори миннатдорӣ баён намуда, иброз дошт, ки беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба модар ва кӯдак дар маркази диққати роҳбарияти вазорат қарор дорад.
Ба иттилои манбаъ, дар идомаи вохурӣ вазъи хизматрасонии тиббӣ, риояи одоби муоширати табибон бо беморон, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар миёни кормандон ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.