8 ноябр дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи кормандони милитсия ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода кормандону собиқадорони мақомоти корҳои дохилии вилоятро бо ҷашни касбӣ — Рӯзи кормандони милитсия табрик намуд.
Қайд карда шуд, ки дар ҳама давру замонҳо пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дорад, ки иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ, вогузор шудааст.
Кормандони милитсия дар даврони Истиқлоли давлатӣ аз имтиҳони вазнини таърих гузашта, хусусан, дар айёми сахту сангини ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ вазифаҳои ба ӯҳдаашон гузоштаро бошарафона иҷро карданд ва якҷо бо ҷузъу томҳои дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд.
-Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят давоми 31 соли Истиқлоли давлатӣ бобати таҳкими таҳкурсии моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ ва сохторҳои он, бо таъмини таҷҳизоту воситаҳои муосири техникӣ, бунёди иншооти замонавӣ ва тарбияи мутахассисони касбӣ пайваста тадбирҳо андешида мешаванд, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар сатҳи баланди касбӣ мусоидат менамоянд,- иброз дошт роҳбари вилоят ва афзуд, ки дар идомаи дастгириҳои давлатӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят минбаъд низ ҷиҳати баланд бардоштани обруву эътибори мақомоти корҳои дохилӣ тибқи стратегия ва барномаҳои давлатӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Таъкид гардид, ки ҳамасола таҷлил шудани Рӯзи кормандони милитсия шаҳодати таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумати кишвар нисбат ба ин ниҳоди муҳимми давлатӣ буда, ҳар як кормандро водор месозад, ки барои таъмини иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва содиқ будан ба савганди худ масъулияти дучанд эҳсос намоянд.
Сипас, ба як қатор кормандон мақомоти корҳои дохилӣ Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супорида шуд.
Ҳамзамон аз ҷониби аҳли фарҳанг барномаи рангини консертӣ пешниҳоди иштирокчиёни ҷамъомад гардид.
Суҳайлӣ Шарифзода
радиои «Тоҷикистон»