Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Деваштич коргоҳи коркард, банду басти хуч ва намудҳои пину (қурут)-и ҶДММ “Меваҳои Ҳазорчашма”-ро ба истифода доданд.
Коргоҳи коркард, банду басти “Меваҳои Ҳазорчашма” бо саҳми соҳибкори ватанӣ Наим Худойбердиев дар заминаи иншооти мавҷуда пурра таҷдиду навсозӣ ва муҷаҳҳаз гардонида шуд.
Иншоот дар масоҳати 432 метри мураббаъ ҷой гирифта, бо баҳрабардории коргоҳ 10 нафар бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як рӯз то ҳазор дона маҳсулоти коркардшудаи хуч дар зарфҳои шишагӣ мебошад ва иқтидори солонаи он то 36 ҳазор дона маҳсулоти тайёр баробар карда мешавад.
Дар хати таҷҳизот ҳама талаботи технологии сара кардан, шустан, коркард дар ҳарорати меъёрӣ, резиш, тамғазанӣ, банду баст иҷро ва ба ин васила маҳсулоти пурра табиӣ истеҳсол мегардад.
Васлу насби маҷмӯи таҷҳизоти технологии коркард, банду басти меваи хуч -настаран имконияти дар маҳалли истеҳсол наздик ба роҳ мондани коркард ва банду басти ин меваи табииву шифобахши Тоҷикистон мебошад.
Хуч меваи манфиатбахш буда, кишоварзону соҳибкорон ва аҳолӣ тайи солҳои охир ба зиёд кардани майдони боғ- плантатсияҳои хуч ноил шуда истодаанд. Ин ба хоҷагиҳо ва аҳолӣ даромад меоварад ва бо таъсиси чунин корхонаҳои коркард даромади иқтисодӣ якчанд маротиба меафзояд.
Дар хоҷагии деҳқонии “Меваҳои Ҳазорчашма” боғи хуч таъсис дода шуда, ҳосили он пурра дар коргоҳ коркард мегардад.
Ҳамчунин дар коргоҳ коркард ва банду басти якчанд номгӯи дигари меваҷоти кӯҳӣ, растаниву гиёҳҳои шифобахш ба роҳ монда шудааст. Коркарди зирк, чойкаҳак, кокутӣ, барги зуф ва дар маҷмӯъ зиёда аз 10 намуди гиёҳҳо муаррифи боигариҳои кишвар аст.
Банду басти пину (қурут) боз як имконияти хуби таъмини бозор бо маҳсулоти табиии чорво мебошад. Дар ҳар деҳаву маҳалли Тоҷикистон аз шири чорво бо усули анъанавӣ қурут омода карда мешавад. Банду баст ва бо намуди ҷолиб пешниҳод намудани ин маҳсулот таваҷҷуҳи бештари харидорро ҷалб менамояд. Соҳибкорон бо ворид намудани таҷҳизоту технологияҳо ва ҷорӣ намудани чунин роҳу усулҳо корхонаҳои саноатӣ таъсис дода, дар рушди саноат дар деҳот саҳм мегузоранд. Ин татбиқи босамари ҳадафи муҳими стратегии саноатикунонии кишвар аст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми соҳибкорро дар таъсиси коргоҳи коркарди “Меваҳои Ҳазорчашма” ва ҷойҳои корӣ арзанда арзёбӣ намуда, тавсия доданд, ки чунин корхонаҳои хурду миёнаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, меваҷот ва гиёҳу растаниҳои табиӣ зиёд карда шавад. Ин омили рушди деҳа, мусоидат ба шуғлнокии аҳолӣ ва даромаднокӣ мебошад.
Дар саҳни коргоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти тайёри корхона, номгӯю намудҳои зиёди меваҷот, гиёҳу растаниҳои шифобахши табиӣ шинос шуданд.
Бояд гуфт, ки табиати Тоҷикистон бою нотакрор буда, ҳоло беш аз 1800 навъу намуди чунин гиёҳу растанӣ маъмул аст ва барои солимии аҳолӣ бояд васеъ истифода карда шавад. Таваҷҷуҳи масъулин, мутахассисон ва соҳибкорону хоҷагидорон ба он ҷалб карда шуд, ки ин боигариҳои табиат коркард ва дар шакли банду баст пешниҳоду муаррифӣ гарданд.