Акс аз сомонаи medt.tj
Ба иттилои сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои 16-17 ноябри соли 2022 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон 17-умин Форуми иқтисодии Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дар мавзӯи «Ояндаи сабзтар ва беҳтар» баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ иштирок намуд.
Форум бо иштироки намояндагони сатҳи олии кишварҳои минтақаи СПЕКА, ташкилотҳои зерсохтори СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ва ташкилотҳои молиявӣ баргузор гардида, дар доираи он масъалаҳо вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ ҷиҳати мусоидат ба ояндаи сабзтар ва беҳтар дар минтақаи СПЕКА, инчунин ҳамоҳангсозии стратегияҳои рушди миллӣ бо ҳадафу нақшаҳои байналмилалӣ, аз қабили Барномаи рушди устувор барои то соли 2030 ва Барномаи амали Вена барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ баррасӣ карда шуданд.
Абдураҳмонзода А. С. ҳамчун роҳбари Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба савдо дар чорабинӣ баромад намуда, қайд кард, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ дар самти иқтисоди сабз дар ҷумҳурӣ як қатор корҳои назаррас амалӣ гардидааст. Аз ҷумла «Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» қабул шудааст, ки ҳадафу вазифаҳои пешбинамудаи он бешубҳа ба тақвияти ҳамкориҳои соҳа дар минтақа мусоидат менамояд.
Инчунин таъкид гардид, ки ҷиҳати рушди фаъолият дар самти иқтисоди сабз воситаҳои нақлиёти барқӣ аз пардохти боҷи гумуркии воридотӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод гардидааст, ки ин омил вобастагии бозори истеъмолиро аз маҳсулоти сӯзишвории воридотӣ давра ба давра кам намуда, дар татбиқи принсипҳои иқтисоди сабз саҳмгузор мебошад.
Бинобар ин барои дар сатҳи зарурӣ татбиқ намудани вазифаву ҳадафҳои стратегияи қайдгардида ва дигар барномаҳои соҳавӣ иштироки шарикони рушд зарур арзёбӣ карда шуд.
Дар охири Форум ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои минбаъда байни кишварҳои аъзои СПЕКА дар самти иқтисоди сабз “Эъломияи Алмато” қабул гардид.