Нашри мақола дар рӯзномаи “AGEFI Luxembourg” доир ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон

Ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Люксембург ба мақсади таблиғу ташвиқ ва ҷалби бештари доираҳои ҳавасманди Люксембург ҷиҳати иштирок дар Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар шумораи навбатии рӯзномаи бонуфузи “AGEFI Luxembourg” мақолаи cафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои Бенилюкс д-р Эркинхон Раҳматуллозода зери унвони “Endless efforts and practical actions of Tajikistan in addressing water-related challenges” нашр шуд.

Дар мақола ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об шарҳу тавзеҳ ёфта, аҳамияти бузурги онҳо дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об таъкид шудааст. Ҳамзамон, муҳимияти ташаббуси нави кишвар дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси “Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ба миён гузоштааст.

Шакли электронии ҳафтномаи “AGEFI Luxembourg”-ро аз тариқи торнамои зерин мутолиа метавон кард:

https://agefi.lu/publications/FreeMonthlySample/16/index.html