Дар Зидеҳи Варзоб бинои муосири таваллудхона ба истифода дода шуд

Расм аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 17 ноябри соли равон дар  деҳоти Зидеҳи ноҳияи Варзоб бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бинои нави таваллудхонаи деҳоти мазкур ба истифода дода шудааст.

Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар додааст. Ба итттилои манбаъ, таваллудхонаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Тоҷикистон” сохта  шудааст.

Таваллудхонаи мазкур аз 4 кат иборат буда, он бо таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ ҷиҳозонида шудааст.