Акс аз сомонаи КҲФ
17 ноябри соли 2022 дар боғи Ғалабаи ноҳияи Рӯдакӣ наваскарони даъвати тирамоҳии соли ҷории Қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон савганди ҳарбӣ ёд карданд. Дар ин маросим пайвандони наваскарон, фармондеҳон ва ҳамхидматон,ҳамчунин собиқадорони Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҳузур доштанд. 106 нафар наваскарон аз 3 қисми ҳарбии КҲФ дар ин рӯз савганди садоқат ба Ватан ёд карданд, хабар медиҳад сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.
Дар маркази омӯзишӣ ин наваскарон давраи омӯзишии ҷанговари ҷавонро хатм карданд. Дар ҷараёни он барояшон аз омодагиҳои ҳарбӣ, сафороӣ, тайёриҳои ҷисмониву ҳарбӣ дарс гуфтанд ва бо низоми ҳарбӣ ошно намуданд.
Сарбозон дар ҳузури фармондеҳон, падару модарон ва меҳмонони даъватшуда дар даст силоҳ ба номи Ватан савганд ёд карданд, ки вазифаи ҳарбии худро сазовор ичро намуда, истиқлолияти Ватани азизро мардонавор ҳифз мекунанд. Хизматчиёни ҳарбӣ зери санади савганди ҳарбӣ имзо гузоштанд.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Кумита, сарбозони интернатсионалист, хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумии минтақа, волидон ва хешу табори наваскарон иштирок доштанд.
Волидони онҳо, намояндагони фармондеҳии қисми ҳарбӣ, инчунин меҳмонони даъватшуда ба сарбозони ҷавон бо табрику орзуҳои нек муроҷиат карданд.
Муовини Раиси Кумита генерал-майор Имомалӣ Иброҳимзода дар назди хидматчиёни ҳарбӣ бо суханони табрикӣ суханронӣ намуд. Вай изҳори умед кард, ки наваскарон дар иҷрои вазифа боинтизом хоҳанд буд, ба Ватан садоқатмандона хидмат намуда, бо ҷасорату мардонагӣ аз тамомияти арзии он ҳимоя ва дар таъмини амнияти кишвару шаҳрвандони он талош хоҳанд кард.
Дар поёни маросим сафороии ҳарбӣ баргузор шуд.
Пас аз маросими тантанавии савгандёдкунии ҳарбӣ муовини раиси Кумита генерал-майор Имомалӣ Иброҳимзода ва фармондеҳони қисмҳои низомӣ бо волидони хизматчиёни ҳарбӣ ҳамсуҳбат шуданд ва ба ҳама суолҳояшон посух доданд.
Фармондеҳон рақами телефони волидону пайвандони наваскаронро ёддошт карданд.
Дар охир меҳмонон бо шароити қими ҳарбӣ аз наздик ошно шуданд.