17 ноябри соли 2022 дар шаҳри Самарқанд 18-умин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид, хабар медиҳад сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ҳолати кунунии муносибот ва дурнамои таҳкими ҳамкорӣ байни ду минтақаро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, обу энергетика, амният, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва ҳамкории минтақавӣ баррасӣ карда, перомуни мавзӯоти байналмилалӣ табодули андеша намуданд.
Инчунин атрофи дурнамои равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯби абзорҳои ҳамкорӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн гуфтугӯи созанда сурат гирифт.