Рӯзи 17-ноябр, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Русия баргузор гардид. Вохӯрӣ дастаҳо соати 20:00 оғоз гардида, бо натиҷаи мусовии 0:0 хотима ёфт. Дастаҳои мунтахаби ин ду кишвар бори аввал бо ҳам бозӣ карданд. Ногуфта намонад, ки тими мунтахаби Тоҷикистон зери роҳбарии мутахасиси хорватӣ Петр Сегрт дар ин бозии бисёр ҳасос бо яке аз тимҳои беҳтарини Аврупо, тими футболи Русия бозии арзанда нишон доданд. Дар ин рақобати таърихи дӯстӣ ғалаба кард.