Ғалабаи тими мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии аввали дӯстона бар муқобили тими футзали Россия

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар аввалин бозии дӯстона, ки рӯзи 7-уми ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, тими мунтахаби футзали Россия – ноиб қаҳрамони Аврупоро шикаст дод.

Вохӯрии тимҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе бо иштироки 2750 тамошобин баргузор шуда, бо ҳисоби 10:7 ба фоидаи футзалбозони Тоҷикистон ба анҷом расид. Аз ҳайати дастаи мунтахаби футзали кишвар Файзалӣ Сардоров покер анҷом дод. Идрис Ёров, Дилшод Саломов ва Бахтиёр Солиев дублро ба номашон сабт карданд.

Имрӯз, 8-уми ноябр тимҳои футзали Тоҷикистону Россия дар Душанбе бозии дуюми дӯстонаро баргузор мекунанд. Бозӣ соати 20:00 ба вақти Тоҷикистон оғоз мешавад.

Бозии дӯстона:
Тоҷикистон Россия – 10:7
Голҳо: Янар Асадов, 2 (0:1). Сергей Денисов, 7 (0:2). Идрис Ёров, 12 (1:2). Бахтиёр Солиев, 13 (2:2). Дилшод Саломов, 18 (3:2). Янар Асадов, 18 (3:3). Файзалӣ Сардоров, 25 – аз пеналтӣ (4:3). Артём Ниёзов, 26 (4:4). Файзалӣ Сардоров, 28 (5:4). Файзалӣ Сардоров, 28 (6:4). Янар Асадов, 29 (6:5). Бахтиёр Солиев, 31 (7:5). Файзалӣ Сардоров, 33 (8:5). Янар Асадов, 38 (8:6). Янар Асадов, 39 (8:7). Идрис Ёров, 40 (9:7). Дилшод Саломов, 40 (10:7).