Рӯзҳои 25-29 октябр дар шаҳри Намангони кишвари Ӯзбекистон 3-юмин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквондо “Namangan Open” доир шуд.
Дар мусобиқа варзишгарон аз кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Эрон ва Покистон иштирок намуданд. Тибқи низомномаи мусобиқа рақобатҳо миёни кӯдакон, наврасон, ҷавонон ва калонсолон баргузор гардид.
Тибқи иттилои Федератсияи таэквондо (WT)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишвари моро дар ин мусобиқа 37-варзишгар, 10-мураббӣ ва 4-довар намояндагӣ карданд. Дар натиҷа ба варзишгарони тоҷик муяссар гашт, то ки дар мусобиқаи “Namangan Open” ба гирифтани 13-медал, 6-тилло, 4-нуқра ва 3-биринҷӣ даст ёбанд.
Миёни калонсолон Бахтовар Шарипов дар равияи пумсэ ва Мунира Абдусаломова дар вазни +73кг медали тилло, Акбарҷон Бобоназаров дар равияи пумсэ медали нуқра, Лоиқ Давлатзода дар вазни -58кг медали биринҷиро соҳиб шуданд.
Миёни ҷавонон бошад Муҳаммадризо Шукуров дар вазни -55кг ҷойи дуюмро касб намуд.
Дар рақобат миёни наврасон Абдуҷаъфари Баҳодурзод дар вазни -49кг ба гирифтани медали тилло даст ёфт.
Миёни кӯдакон Муҳаммад Шарипов дар вазни -24кг, Акрамҷон Насриев дар вазни -26кг, Мубориз Ёрасенов дар вазни -32кг ҷои аввал, Аҳмадзода Анвар дар вазни -24кг, Олия Муродова дар вазни -27кг ҷои дуюм, Абубакр Каримов дар вазни -23кг, Муҳаммад Давлатов дар вазни -28кг ҷои сеюмро сазовор гаштанд.