Бошгоҳи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе маротибаи 9-ум Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард

Рӯзи 29-октябр дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон 2022 миёни дастаҳои “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ва “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардид.

Рақобат миёни ин дастаҳо бисёр ҷолиб сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Барои муайян кардани ғолиб, довар зарбаҳои 11-метраи ҷаримавӣ (пеналтӣ) таъин кард. Дар иҷрои зарбаҳои 11-метра “Истиқлол” тавонист, ки бо ҳисоби 5:4 муқобили “Куктош” ғолибият ба даст биёрад ва маротибаи 9-ум ғолиби Ҷоми Тоҷикистон гардад.

Голҳоро дар ин вохӯрӣ Муҳаммад Гулаев, Сулаймон Собиров (худгол), Худойдод Узоқов ва Манучеҳр Ҷалилов ба самар расониданд.

Бояд қайд намоем, ки бори аввал дастаҳои “Истиқлол” ва “Куктош” дар финали Ҷоми Тоҷикистон бо ҳам рақобат намуданд.