Бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ, паст намудани фавт аз онҳо, таъмини сатҳи баланди фарогири бо иммунизатсия ва риояи ҳатмии иммунизатсияи тақвимӣ бо қоидаҳои асосии бехатарӣ имрӯз дар МД” Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” чорабинӣ баргузор гардид.
Дар кори он намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, намояндаи СУТ, сохторҳои марбут ба соҳа, ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ ширкат намуда, роҷеъ ба масоили матраҳшуда изҳори назар намуданд.
Зикр шуд, ки дар саросари ҷаҳон сирояти пневмококкӣ яке аз мушкилиҳои ҷиддии саломатии ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, бо максади ворид намудани ваксинаи зидди сирояти пневмоккокӣ ба тақвими миллии иммунизатсия, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар бо дастгирии техникии намоядагии СУТ дар Тоҷикистон дархости ҷумҳуриро барои воридкунии ваксинаи пневмаккокӣ омода намуда, онро бо Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия барои дастгирӣ пешниҳод намуд.
Мувофиқи Тақвими миллии иммунизатсия, кӯдакон ваксинаи зидди сирояти пневмоккокиро дар синни 2,4 ва 12 моҳагӣ қабул мекунанд. Шуруъ аз 1- уми ноябр кӯдакони думоҳа бо вояи якуми ваксинаи зидди сирояти пневмоккокӣ фаро гирифта хоханд шуд.
Олуфта Шарипова
радиои “Тоҷикистон”