Ҷудочиёни тоҷик ба “GRAND SLAM BAKU 2022” сафарбар гардиданд

Рӯзҳои 4-ум 6-уми ноябри соли 2022 дар пойтахти Озарбойҷон шаҳри Боку мусобиқаи байналмилалии “GRAND SLAM BAKU 2022” мегардад.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо IJF дар “GRAND SLAM BAKU 2022” иштироки 391-ҷудочӣ (227-мард ва 164-зан) аз 63-кишвари сайёра дар назар аст. Мусобиқа аз рӯи 14вазн (7-вазн миёни мардон ва 7-вазн миёни бонувон) доир мегардад.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 12-ҷудокор Муслимбек Каримов (-60кг), Муҳаммад Маҳмадизода (-60кг), Каюмарс Норов (-66кг), Муллораҷаб Халифаев (-66кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг), Абубакр Шеров (-73кг), Сомон Маҳмадбеков (-81кг), Комроншоҳи Устопириён (-90кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг), Эмомризо Анварзода (-100кг), Раҳматулло Мирзоев (-100кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) дар рақобатҳо миёни мардон намояндагӣ хоҳанд кард.