Баррасии масоили вобаста ба шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз  дар толори Китобхонаи миллии кишвар бо ибтикори Муассисаи давлатии  «Пажуҳишгоҳи  меҳнат, муҳоҷират ва шуғл»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат Конференсияи  ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ҷанбаҳои консептуалӣ ва асосҳои  назариявӣ-методологии шуғли пурмаҳсул дар ҶТ»  бо иштироки роҳбарияти вазорат ва сохторҳои он,намояндагони  Бонки Рушди Осиё, Ташкилти байналмиллалии меҳнат, Хазинаи СММ оид ба нуфузи аҳолӣ дар ҶТ ва институти  тадқиқотҳои демографии Академияи илмҳои федератсияи Россия баргузор гардид.

Конфронси мазкур  аз се бахш: бахши ифтитоҳӣ ва ду сесияи тематикӣ: Масъалаҳои  ташаккули шуғли пурмаҳсул, такмили муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ» ва «Нақши тайёрии касбии кадрҳои коргарӣ дар таъмини шуғли пурмаҳсул ва паст намудани  шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ» иборат буда,  дар ҷараёни он масъалаҳои танзиму муназзам гардонидани муносибатҳои меҳнатии байни корфармоёну кормандон, истифодаи самарабахши  имкониятҳои  ниҳодҳои иҷтимоӣ дар ташкили шуғли пурмаҳсул, воситаҳои муосири ривоҷ додани шаклҳои гуногуни соҳибкорӣ,  таъсиси ҷойҳои нави корӣ  баррасӣ гардида, мубодилаи афкор сурат гирифт.

Малоҳат Тоҳирова

радиои “Тоҷикистон”