8 варзишгар ва 2 мураббии тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба бокс ширкат меварзанд

Акс аз Кумитаи миллии олимпӣ

1-12 ноябр дар шаҳри Аммони Урдун Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни мардҳо ва бонувон баргузор мешавад.

Тавре Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар медиҳад, ҷиҳати иштирок дар чемпионат варзишгарони 30 давлати қора дархост додаанд. Аз ҷумла дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс иборат аз 10 нафар ба Урдун сафарбар мегарданд.

Ба иттилои котиби генералии Федератсияи бокси Тоҷикистон Комрон Файзов, Тоҷикистонро дар Чемпионати Осиё 8 варзишгар – 5 мард, 3 зан – ва 2 мураббӣ намояндагӣ мекунанд:

Бонувон:
Руҳафзо ҲАҚНАЗАРОВА (-50кг)
Миҷгона САМАДОВА (-57кг)
Шоира ЗУЛҚАЙНАРОВА (-60кг)

Мардҳо:
Хусравхон РАҲИМОВ (-57кг)
Баҳодур УСМОНОВ (-63,5кг)
Шаббос НЕГМАТУЛЛОЕВ (-80кг)
Наврӯз ҶАФОЕВ (-86кг)
Муҳаммад АБРОРИДДИНОВ (+92кг)

Мураббиён:
Мирзо ШАМСИЕВ
Хуршед ҶӮРАЕВ

Ба иттилои манбаъ, тибқи нақша муҳорибаҳо дар даврҳои муқаддамотӣ ва чорякфинал рӯзҳои 1-7 ноябр, нимфинал 9-10 ва финал 11-12 ноябр ба нақша гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки варзишгарони мо дар чемпионатҳои Осиё дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар 20 медал – 4 тилло, 3 нуқра, 13 биринҷӣ – ба даст овардаанд. Медалҳои тиллоро Ҷаҳон Қурбонов (-75кг) соли 2008, Мавзуна Чориева (-60кг) соли 2010, Анвар Юнусов (-57кг) соли 2011 ва Баҳодур Усмонов (-64кг) соли 2019 сазовор шудаанд.