Дар Ҳисор мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) баргузор мешавад

Аз 21-25 октябр дар шаҳри Ҳисор мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои духтаронаи то 15-сола доир мегардад.

Дар ин мусобиқа тимҳои Тоҷикистон, Эрон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд. Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои духтаронаи то 15-сола аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор сурат мегиранд.

Чемпионати CAFA-2022 байни духтарони то 15-сола.

Иштирокчиён: Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон.

Даври 1-ум

Рўзи 21-октябр (ҷумъа)

Оғози бозӣ соати 16:00

Ӯзбекистон – Тоҷикистон

Даври 2-юм

Рўзи 23-октябр (якшанбе)

Оғози бозӣ соати 16:00

Эрон – Ӯзбекистон

Даври 3-юм

Рўзи 25-октябр (сешанбе)

Оғози бозӣ соати 16:00

Тоҷикистон – Эрон.

Сорбон Амонуллозода