ИМРӮЗ КОНФРОНСИ ЗИДДИТЕРРОРИСТИИ ДУШАНБЕ БАРГУЗОР МЕШАВАД

Имрӯз дар Кохи сомон бо иштироки намояндагони кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарияти созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои илмӣ ва дигар коршиносони байналмилалӣ, ки дар самти мубориза бо терроризм ва мудирияти сарҳадот, аз ҷумла пешгирии ҳаракати террористҳо фаъолият мекунанд, Конфронси навбатии Душанбе — «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» ба кори худ оғоз мекунад.

Тавре қаблан аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар дода буданд, ки дар бахши ифтитоҳии Конфронс суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ ҷаноби Владимир Воронков ва як қатор вазирон ва дигар намояндагони воломақоми кишварҳои хориҷӣ дар назар аст.

Алакай, ҷиҳати иштирок дар ин Конфронси байналмилалии зидитерорситӣ намояндагони зиёда аз 50 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид аз гӯшаву канори ҷаҳон, вориди Душанбе гардидаанд.

Дар чорабинӣ иштирокчиён оид ба падидаи ҷангҷуёни хориҷии терорист ва пайомадҳои он барои минтақаи Осиёи Марказӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи амният ва мудирияти сарҳад дар заминаи муқовимат ба тероризм мавриди барасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Тоҷикистон созмонҳои байналмилалию минтақавиро василаи муҳими муборизаи дастҷамъона бо хатару чолишҳои глобалии замони муосир медонад. Солҳои охир Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ силсилаконфронсҳои сатҳи баландро бахшида ба мавзӯи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва пешгирии омилҳои гуногуни он, аз ҷумла сарчашмаҳои маблағгузории терроризм баргузор кардааст.

Бояд гуфт, ки конфронси имруза сеюмин чорабинии сатҳи баланд буда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ дар яке аз мавзӯъҳои доғи рӯз- мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар пойтахти кишвари мо баргузор мегардад. Рафти баргузории конфронси пайгирӣ гардида, тавастусти сомонаи радиои Тоҷикистон пешниҳоди шумо мегардад.

Баҳруллои Муҳаммадшариф