Меҳргон – мероси пурифтихори ниёгон. Бардоштҳо аз таҷлили Меҳргон

Акс аз Ардашер Пайванд

Ҷашни Меҳргони имсоларо, ки дар Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи “Абулқосим Фирдавсӣ” доир шуд, метавон ҷашни “Асал” ном бурд. Чаро ки сокинони шаҳр бештар аз ҳамин маҳсулот харидорӣ мекарданду назди мизи асалпарварони шаҳру ноҳияҳои дурдасти ҷумҳуриро анбӯҳи одамон фарогир буд. Ба худ суол додам, ки магар нархи ин маҳсулот назар ба нархи бозорҳои шаҳр арзонтар аст, ки ҳама ба он таваҷҷуҳ зоҳир карда истодаанд? Ба ин хотир гӯшаҳои намоиши асалҳои тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакатро тамошо кардаму аз нархҳо пурсидам. Аммо дар ҳама растаҳо арзиши 1 кг асал вобаста ба навъҳо аз 60 то 100 сомонӣ буд, ки ба ин нарх асалро метавон аз бозорҳои шаҳр низ харидорӣ намуд. Ба суоли мо ки “чаро мардум маҳз асалро зиёд харидорӣ мекунанд?” раиси Ассотсиатсияи занбӯрпарварони ноҳияи Сангвор Давлатбек Ёров посух дод, ки мо дар ин намоишгоҳ асалҳои тозаро ба намоиш-фурӯш гузоштем. Аз ин рӯ сокинон асали тоза гуфта харидорӣ намуда истодаанд.

Ҳамчунин себҳои ноҳияи Тоҷикобод, ки 6-7 навъ буд, харидорони зиёд пайдо карду пас аз тамошои меҳмонони чорабинӣ сабадҳояшон зуд холӣ шуд. Себҳои ба намоиш гузоштаи ин ноҳия дар баробари калон-калон ва тару тоза будан инчунин нархи комилан арзонро доштанд. Ин гуна себҳоро аз бозорҳои пойтахт метавон бо маблағи 15-18 сомонӣ харидорӣ кард, вале боғдорони ноҳияи Тоҷикобод 1 кг себро бо арзиши панҷ сомонӣ савдо карданд. Муовини раиси ноҳияи мазкур Бахтиёри Ҳақназар дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки имсол тасмим гирифтанд дар ҷашни Меҳргон маҳсулоти боғдориро пешниҳод кунанд ва хушҳол аз онанд, ки маҳсулоти овардаи онҳо писанди иштирокчиёни намоиш-фурӯш гардид.

Кишоварзони ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон низ маҳсулоти кишоварзии худ аз қабили меваҷоту сабзавот, навъҳои гуногуни зироаткорӣ ва маҳсулоти нониро пешниҳоди иштирокдорон намуданд. Салоҳиддин Мирзоев, сокини ноҳияи мазкур гуфт, ки хушбахтона имсол ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи онҳо зиёд шуд.

Диққати ҷавонону мардони солхӯрдаро ҳунари кордсозӣ бештар ҷалб карда буд. Онҳо бештар ба ғилофу дастаҳои наққошишудаи кордҳо аҳамият медоданду аз чӣ қадар арзиш доштанашон суол мекарданд. Усто Иброҳим аз шаҳри Истаравшан аз кордсозоне буд, ки бо ғилофҳои аз шохи бузу сафол дастаҳои кордро ороиш додаву таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷалб намуд. Усто Иброҳим қайд кард, ки ба ҳунари ӯ сайёҳони дохиливу хориҷӣ низ таваҷҷуҳ мекунанд ва мақсад аз ба намоиш гузоштани ин кордҳои худсоз муаррифии ҳунари аҷдодӣ мебошад. Ба гуфтаи Усто Иброҳим, кордҳои сохтаашро аз 60 сомонӣ боло нархгузорӣ кардааст.

Хуллас, дар ин ҷашн тамоми навъу намуди маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсули дасти ҳунармандони гӯшаву канори мамлакатро пайдо намудем. Бояд гуфт, ки дар ин ҷашн барои хурду бузург низ туҳфаҳои аҷибу ғарибро бо нархҳои дастрас ёфтан низ осон буд. Пас аз намоиш-фурӯши молу маҳсулоти кишоварзӣ ва дастранҷҳои ҳунармандони ҷумҳурӣ барномаи фарҳангӣ доир гашт, ки табъи ҳозиринро болида намуд. Инчунин аз ҷониби Вазорати кишоварзии кишвар ба кишоварзони фаъол сипоснома тақдим гардид.

Парвина Самандарзода,

радиои “Тоҷикистон”