Имрӯз дар Тоҷикистон маросими ифтитоҳи Бозиҳои Делфӣ баргузор мегардад

Имрӯз, соати 19:00  дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ маросими ифтитоҳи Бозиҳои 16-уми Делфии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ баргузор мегардад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз баргузории Бозиҳои Делфӣ — дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод, ҳавасмандгардонии фаъолияти эҷодӣ, баланд бардоштани сатҳи зебоишиносӣ, маънавиёти наврасону ҷавонон ва тарғиби арзишҳои фарҳанги миллӣ мебошад.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон барои нахустин бор мизбони Бозиҳои Делфӣ мебошад, ки дар он беш аз 400 нафар истеъдодҳои ҷавони аз 10 то 25-сола аз тамоми кишварҳои ИДМ иштирок менамоянд.

Дар ин чорабинӣ аз Тоҷикистон 160 нафар, Русия 117 нафар, Қазоқистон 28 нафар, Ӯзбекистон 27 нафар, Озорбойҷон 7 нафар, Арманистон 7 нафар ва Беларус 32 нафарро ташкил медиҳанд.Иштирокчиёни чорабинӣ аз Федератсияи Россия 117 нафар, Ҷумҳурии Қазоқистон 28 нафар, Узбекистон 27 нафар, Озорбойҷон 7 нафар, Арманистон 7 нафар ва Беларус 32 нафарро ташкил медиҳанд.

Ба ҳайати ҳакамон қариб 35 нафар ходимони шинохтаи санъату ҳунари ИДМ шомил мебошанд. Аз Федератсияи Россия 4 нафар, Ҷумҳурии Қазоқистон 4 нафар, Узбекистон 4 нафар, Озорбойҷон 3 нафар, Арманистон 3 нафар, Беларус 4 нафар ва аз Тоҷикистон 10 нафар фарҳангшиносон ва санъаткорони варзида дар ҳайати ҳакамон дар даҳ номина иштирок мекунанд. Аз Тоҷикистон мусиқишинос Фирӯз Улмасов дар номинаи фортепиано, Елена Парманқулова дар номинаи скрипка, Мизроб Холов дар номинаи санъати тасвирӣ, Содиқ Нуруллоев дар номинаи сарояндаи академӣ, Фурқат Саид дар номинаи сарояндаи халқӣ, Зафар Абдуалимов дар номинаи сарояндагӣ, Зебо Аминзода дар номинаи рақси халқӣ ва дигарон ширкат меварзанд.

Ташкилкунандагони Бозиҳои Делфӣ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии бозиҳои Делфӣ буда, таҳти сарпарастии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.