Размкори шинохтаи тоҷик Муин Ғафуров (19-4) дар шаҳри Су-Фоллси Амрико дар доираи мусобиқаи LFA-144, ки рақобати асосӣ ба ҳисоб мерафт, бо Диего Силва аз Бразилия нерӯсанҷӣ кард.
Рақобат миёни ду размкор дар вазни сабуки 61,2кг сурат гирифт.
Барои унвони қаҳрамонӣ дар ин ташкилот Муин Ғафуров тавонист, бо нокаути техникӣ Диего Силваро мағлуб намуда, қаҳрамони ин ташкилот гардид.
Унвони қаҳрамониро дар LFA ба даст овардан ба Муин имкон медиҳад, ки бо UFC шартнома бандад.