Темур Раҳимов Чемпионати ҷаҳонро бо ғалаба оғоз кард

Паҳлавони сангинвазни тоҷик Темур Раҳимов (100 кг) дар даври аввали Чемпионати ҷаҳон озод буд.

Ӯ дар рақобати дуюмаш ҳарифи словакии худ Мариус Физелро шикаст дода, ба даври навбатӣ роҳ ёфт.

Ягона умеди мардуми кишвар ба Темур аст, ки ӯ аз World Judo Championships Seniors Tashkent-2022 медал ба даст меорад.

Сорбон Амонуллозода,

радиои “Тоҷикистон”