Аз 12 то 16 октябр ҳайати дувоздаҳнафараи Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон бо сарварии раиси ин иттифоқ Олимҷон Усаров аз Тоҷикистон боздид менамояд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.
Сафари ҳайати Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон аз вилояти Суғд оғоз ёфта, дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Норак, Панҷакент ва ноҳияи Данғара идома меёбад.
“Ҳайати журналистони узбек дар доираи ин сафар бо дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон шинос гардида, бо ҳамкасбони худ дар толори Академияи ВАО вомехӯранд”,– мегӯяд Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода.
Рӯзи аввли сафар дар вилояти Суғд меҳмонон аз Кохи матбуот ва идораи телевизион ва радиои вилоят боздид намуда, бо ҳампешагони худ мулоқот мекунанд. Сипас онҳо ба Минтақаи озоди иқтисодии Суғд рафта, аз корхонаҳои нави саноатӣ дидан менамоянд. Инчунин журналистони узбек ба шаҳри Гулистон сафар карда, бо навгониҳои шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» шинос мешаванд.
Дар баробари силсиладидор аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ журналистони ду кишвар масоили табодули таҷриба, такмили ихтисоси кормандони ВАО ва дурнамои ҳамкории минбаъдаро баррасӣ хоҳанд кард. Сафари ҳайати Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон, ки то 16 октябр идома меёбад, бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳрҳои Душанбею Тунсунзода амалӣ мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои ду кишвар – Тоҷикистон ва Ӯзбекистон марҳилаи сифатан нав касб намудаанд. Аз ҷумла, 7 майи соли 2022 дар шаҳри Тошканд миёни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар асоси ин созишнома ҳар сол як маротиба ҳайатҳои эҷодӣ бояд ба кишварҳои ҳамдигар сафар намоянд.
АКС: аз манбаъҳои боз