Кумитаи меъморӣ ва сохтмон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон намудааст.
Ин Кумитаи мансабҳои холии зеринро ба довталабон пешниҳод мекунад:
1. Сармутахассиси раёсати шаҳрсозӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ 1577 сомонӣ.
2. Сармутахассиси раёсати сохтмон ва раванди ҳамгироӣ — 2 ҷой, маоши мансабӣ 1577 сомонӣ.
3. Сармутахассиси раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмон — 1 ҷой, маоши мансабӣ 1577 сомонӣ.
4. Сармутахассиси раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ 1577 сомонӣ.
5. Мутахассиси пешбари раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмон 1 — ҷой, маоши мансабӣ 1286 сомонӣ.
6. Мутахассиси пешбари раёсати корҳо — 2 ҷой, маоши мансабӣ 1286 сомонӣ.
7. Мутахассиси пешбари шуъбаи банақшагирӣ ва муҳосибот — 1 ҷой, маоши мансабӣ 1286 сомонӣ.
8. Мутахассиси раёсати шаҳрсозӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ 1062 сомонӣ.
9. Мутахассиси раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмон — 1 ҷой, маоши мансабӣ 1062 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби сармутахассис
— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
— 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар
— таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
— 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
Барои ишғоли мансаби мутахассис
— таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
— ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;
— варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳои (бо 2 дона акси андозаи 4×6);
— тарҷумаи ҳол;
— нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
— нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
— маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;
— нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
— эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ;
— нусхаи шиноснома;
— нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
— маълумотнома (объективка).
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Шаҳри Душанбе, хиёбони Ҳусейнзода – 36
Телефон барои тамос: 221-98-59
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон (10-10-2022) дар бораи гузаронидани озмун.