“Тоҷикфилм” ба ифтихори Рӯзи синамои тоҷик рӯзи 15 октябр, соати 18:00 дар кинотеатри “Ватан” ҳамоиши фарҳангӣ баргузор менамояд. Дар ин бора аз ин ниҳод хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки дар ҳамоиши мазкур муаррифии дастовардҳои синамои тоҷик ва қадрдонии собиқадорону синамонигорон дар назар аст.
“Иштирок дар ин ҳамоиш тавассути даъватнома сурат мегирад”, – изҳор доштанд дар “Тоҷикфилм”.
Ҳамзамон дар чорабинӣ нахустнамоиши филми ҳунарии кӯтоҳи «Додараки фариштаҳо» сурат мегирад.
Гуфтан ба маврид аст, ки филми “Додараки фариштаҳо” истеҳсоли «Тоҷикфилм» буда, аз рӯйи асари нависанда Сайф Раҳимзоди Афардӣ бо коргардонии Умед Мирзоширинов рӯйи навор омадааст.
Ёдовар мешавем, ки филми мазкур ахиран дар Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Қазон ва Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои “Адабиёт ва кино”-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия сазовори ҷоизаи «Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ» гардид.