Чаро таваҷҷуҳ ба аксбардорӣ миёни ҷавонон афзоиш ёфтааст?

Фирдавс Набиев

Солҳои охир тавваҷҷуҳи ҷавонон ба фаъолияти аксбадорӣ зиёд гардидааст. Аксбардорӣ ҳам дар баробари дигар касбҳо жанрҳои худро дорад ва он аз инсон сабру тоқат ва завқи баланд талаб мекунанд. Новобаста ба имконоти мавҷудаи муосир, ки ҳар нафар метавонад бо телефони дастии худ ба тарзи дилхоҳ акс бигирад, вале ба таври профессионалӣ на ҳама аксбардорӣ карда метавонад.

Маъруфияти шабакаҳои иҷтимоӣ ва пайдо шудани василаҳои наву босифати аксбардор яке аз омилҳои афзоиши таваҷҷуҳи ҷавонон ба аксбардорӣ шудааст. Ин шуғл дар баробари тақвияти ҳисси зебоипарастӣ дар ҷомеа барои бисёриҳо манбаи даромад низ гардидааст.

Фирдавс Набиев тӯли 14 сол аст, ки дар МД “Тоҷикфилм” ҳамчун аксбардор ва дизайнер фаъолият намояд. Фирдавс дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки кори аксбардорӣ нозукиҳои хоссаи худро дорад, ки онро на ҳар кас метавонад дарёбад.

Аксҳо аз Фирдавс Набиев
Шаҳзода Султонова

Гуфтан ба маврид аст, ки имрӯзҳо дар баробари писарон, духтарон низ ба фаъолияти аксбардорӣ рӯ овардаанд ва аз ин ҳисоб даромад ба даст меоваранд. Шаҳзода Султонова факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ – ро хатм намудааст. Вале ҳоло ба фаъолияти аксбадорӣ рӯ овардаасту аллакай миёни мардум машҳур гардидааст. Шаҳзода дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки аксбадорӣ касби дӯстдоштааш аст ва хушҳол аз он аст, ки аллакай нозукиҳои ин касбро омӯхтааст. Ӯ мегӯяд, ки барои аксбардори моҳир шудан танҳо хоҳиш лозим аст. Агар инсон дар пеши худ мақсад гузорад, пас метавонад орзуҳои худро амалӣ гардонад.

Дар робита ба ин касб ҳамасола аз ҷониби МИҲД – и ш.Душанбе озмунҳо баргузор мегардад, ки дар он мавзеъҳои зебову қобили таваҷҷуҳи шаҳр аксбардорӣ шуда, ба ғолибони он мукофотҳои пуливу молӣ тақдим мегардад. Илова бар ин соли равон дар ҷумҳурӣ аз ҷониби аккосон конфронсу чорабиниҳои муҳташам низ доир гардид, ки таваҷҷуҳи ҷавонону наврасонро ба ин касб боз ҳам зиёдтар намуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки рушд кардани фаъолияти аксбадорӣ метавонанд, эҳсоси ватандӯстии ҷавоноро зиёд гардонад.

Дар шабакаҳои интернетӣ низ доир ба нозукиҳои ин касб дарсҳои махсус ташкил карда шудаанд, ки дилхоҳ нафар метавонад аз ин дарсҳо чизе биомӯзад.

Сарвинози Сайдалӣ

радиои “Тоҷикистон”