Сафардидаҳо: Деҳқонони Нилӯи Ҳисор ангурҳои худро аз ин пас дар сардхонаҳо нигоҳ медоранд

Сар аз моҳи сентябр боғпарварони деҳаи Нилӯи шаҳри Ҳисор ба ҷамъоварии ҳосили ангур машғул мешаванд.  Қисме аз деҳқонон имрӯз ангурҳои худро ба харидорон бо нархҳои дастрас ба фурӯш мебароранд ва қисми дигар бошанд, дар сардхонаҳо нигоҳ дошта, онро дар  охирҳои фасли зимистон ва аввали мавсими баҳор бо нархи гаронтар пешкаши мизоҷон мегардонанд.

Зимни суҳбат деҳқони асилу кордон Маҳмурод Холмуродов ба мо иброз дошт, ки соли ҷорӣ ангурҳои парваришкардааш каме талафот дидаанд: «Бо сабаби каме гарм омадани ҳарорати ҳаво 60-70%-и ангурҳо сӯхтанд, вале бо вуҷуди он, мо-деҳқонон ҳосили хубу фаровон ба даст овардем. Вақте агар донаҳои ангур намесӯхтанд, дар он ҳолат сифати ангур паст мешуд. Чунки соли равон дар оғози мавсими баҳор ҳосили ангур нисбати  соли гузашта хеле зиёд буд. Агар ба пуррагӣ ҳосил пухта мерасид, донаҳои ангур хурд ва ҳамчунин пажмурда мешуданд. Ба ин хотир наметавонистем, ки бо нархи хуб пешниҳоди мизоҷон гардонем».

Ба таъкиди Маҳмурод Холмуродов ба хотири гирифтани ҳосили фаровон ва босифат бояд меҳнат кард. Бехи ниҳоли токро нарм карда, бо ғизо, аз ҷумла доруву поруҳои минералӣ онро таъмин  бояд кард. Ҳамзамон, ӯ гуфт, ки  шурӯъ аз фасли баҳор бо ҳамроҳии аҳли хонаводааш дар замин меҳнати ҳалол карда, рӯзгори худу фарзандонашро аз ҳисоби ангур пеш мебарад: «Ман тӯли 15-сол аст, ки ба парваришу нигоҳубини ангур машғул ҳастам. Шурӯъ аз фасли баҳор мо-аҳли хонавода навдаҳои токро кам мекунем, побел менамоем ва ҳамзамон ба хотири ҳосилхезии замин поруву доруҳои гуногун пошида, дар мавсими тобистон ниҳоли токро бо об таъмин менамоем. Ногуфта намонад, ки чанд соли охир аст, мардуми мо ангурҳояшонро дар сардхонаҳо нигоҳ медоранд. Ба кадом хотир чунин мекунанд, ба он хотире, ки дар фасли зимистон миқдори ангур хеле кам мешавад, он вақт бо нархи баландтар ба фурӯш бароварда,  боз ҳам манфиати бештар ба даст меорем».

Абдувалӣ Абдуллоев дар ҳамсоягии Маҳмурод Холмуродов зиндагонӣ дорад. Ӯ низ яке аз деҳқонони аслу меҳнатдӯст аст, ки ҳамарӯза баъд аз кор дар замин меҳанат мекунад. Мавсуф мегӯяд, ки дар деҳаи Нилӯ навъҳои гуногуни ангур парвариш ва нигоҳубин карда мешаванд. Ба зикри эшон солҳои қаблӣ мардуми ин деҳа аслан ба навъи ангури тойфӣ бештар таваҷҷӯҳ доштанд, вале баъд аз пайдо шудани навъҳои гуногун  ва хуштаъму лазизи ангур имрӯз навъи “Шоҳона”-ро бештар парвариш менамоянд: «15-20 сол қабл боду ҳавои сайёра дигар буд. Хеле салқин, дар зимн чор фасл бо маром дар ҷараён буданд. Вале, тавре ба мушоҳида мерасад, чанд соли охир аст, ки анқариб барфу боронро намебинем. Дар ҳолате, ки барфу борон ками андар каманд, он меваҷот ва сабзавоте, ки парвариш менамоем, дар сатҳи зарурӣ ҳосил намедиҳанд. Агарчӣ мо бо роҳи сунъӣ дар  бехи ниҳолон об мегузорем, лекин он ҷойи борону барфро намегирад. Аммо имрӯз навъи ангури “Шоҳона” пайдо шудааст, ки он каме ба гарми тобовар буда, ҳосили баланд ва босифат медиҳад. Онро мизоҷон хеле хуб қабул доранд. Инчунин нархи он нисбати ангури “Тойфӣ” хеле гарон аст. Агар мо ин навъи ангурро бештар парвариш намоем, дар он сурат имкон аст, ки буҷаи оиларо боло бурд ва сатҳи зиндагиро беҳбуд бахшид».

Дар идомаи суҳбат Маҳмурод Холмуродов афзуд, ки беш аз 20-сол мешавад, ба парваришу нигоҳубини наъви ангури “Тойфӣ” машғул аст. Ба зикри ӯ агарчӣ дигар навъи ангурҳо дар деҳаашон парвариш меёбанд, вале начандон сифати хубу таъми лазиз доранд: «Намедонам чаро? Вале ман ин навъи ангурро парвариш карда натавонистам. Фикр мекунам, ки аз ҳама хубу беҳтар парвариш меёбад ва ҳамчунин дар зимн ҳосили фаровон медиҳад, ин навъи ангури “Тойфӣ” аст, зеро мардуми мо аз қадимулайём чунин навъи ангурро парвариш доранд».

Аммо, Абдувалӣ Абдуллоев гуфт, ки ҳамаи он аз хоки замин вобастагӣ дорад. Агар чунин ниҳолони ангурро дар заминҳои сиёҳхок парвариш намоем, дар он сурат метавон, ки ҳосили хубу фаровонро ба даст овард: «Албатта, ин  ба хоки замин ва нигоҳубини деҳқон вобастагӣ дорад. Агар дар заминҳои сурххок ё ин, ки сафедхок парвариши ин навъи ангурро ба роҳ монем, ҳосили дилхоҳ намедиҳад. Танҳо дар замини сиёҳхок ва бо роҳи таъмини намудани ғизо метавон аз навъи ангури “Шоҳона” ҳосили фаровон ва даромади баланд ба даст овард».

Аз андешаҳои ин деҳқонони асилу меҳнатқарин метавон хулоса кард, ки агар меҳнати халол намоем, дар он сурат самараи онро хоҳем дид. Тазаккур додан ба маврид аст, ки аксарияти мардуми деҳаи Нилӯи шаҳри Ҳисор ба току токпарварӣ машғул буда, дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор додаанд. Ва имрӯз бошад, баҳри таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми босазои худро мегузоранд.

 Комрони Абдувалӣ

радиои «Тоҷикистон»