Баргузории Конфронси байналмилалии “Ҷуғрофиёи таърихӣ ва фарҳангии «Шоҳнома»”

Имрӯз дар АМИТ Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Ҷуғрофиёи таърихӣ ва фарҳангии «Шоҳнома»” баргузор гардид, ки дар кори он олимони маъруфи шарқшинос, муаррихон, фарҳаншиносон, адабиётшиносон, сиёсатшиносон, намояндагони созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ва намояндагони 40 кишвари хориҷӣ дар шакли маҷозӣ ширкат намуданд.

Конфронси байналмилалии илмӣ-амалиро президенти АМИТ Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ бахшида, таъкид дошт, ки ҳадаф аз баргузории ин чорабинии сатхи баланд, баррасии ҳамаҷонибаи ҷуғрофиё, заминаҳои таърихӣ – тамаддунӣ ва иҷтимоӣ – сиёсии таълифи «Шоҳнома»-и Ҳаким А.Фирдавсӣ, нақши он дар эҳёи ҳувияти миллӣ ва ҳифзи хотираи таърихии тоҷикон ва эронитаборони ҷаҳон мебошад.
Тавзеҳ дода шуд, ки бешубҳа «Шоҳнома» асари безавол буда, асарест, ки дар ҳар давру замон барои кулли мардуми ориёинажод дарси мардонагӣ омӯхт. Ҳамин аст, ки дар қаламрави ҳавзаи фарҳангии мардуми эронитабор «Шоҳнома» ба минтақаҳои гуногун роҳ ёфта, барои адабиёти ҷаҳон низ таъсири мусбат гузошт.

Дар рафти кори Конфронс аз ҷониби дигар олимону донишмандон оид ба мавзӯъҳои «Шоҳнома ватан аст», «Аз Пешдодиён то Каёниён», «Фирдавсӣ-шукӯҳи ҳамосасароии миллӣ», «Омӯзиши ҷуғрофияи «Шоҳнома»-омили ифтихори ватандорӣ ва тақвияти ҳувияти миллӣ» ва ғайра маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа гардид.

Инчунин дар доираи Конфронси мазкур ифтитоҳи намоиши нусхаҳои хаттӣ ва минётураҳои «Шоҳнома» сурат гирифт, ки дар он 14 нусхаҳои хаттӣ ва шоҳкориҳои беназири «Шоҳнома ба маърази намоиш гузошта шуд.

Олуфта Шарипова

радиои “Тоҷикистон”