Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Президенти Узбекистон Сарвари давлати моро ба муносибати санаи хотирмони зодрӯзашон самимона ва гарм муборакбод гуфта, ба ӯ саломатии бардавом ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиашон комёбиҳо ба нафъи мардуми Тоҷикистон орзу намуданд.
Дар ин зимн Шавкат Мирзиёев ба хизматҳои шоёни Президенти Тоҷикистон дар комёб шудани кишвари мо ба дастоварҳои бузург дар роҳи рушди ҳамаҷониба ва таҳкими мақоми арзандаи он дар арсаи байналмилалӣ баҳои баланд доданд.
Дар рафти суҳбат оид ба доираи васеи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Вобаста ба ин аз натиҷаҳои мусбати овони ахир дар рушди муносибатҳои шарикӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистон бадастомада изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Дар рафти суҳбат сарони ду давлат ҳамчунин масъалаҳои алоҳидаи мубрами рӯзномаи байналмилаливу минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.