Имрӯз сӯҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко баргузор гардид.
Президенти Ҷумҳурии Беларус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати зодрузаш самимона табрик гуфта, ба ӯ тамманиёти неки худро иброз доштанд.
Дар рафти суҳбат Александр Лукашенко саҳми бузурги Президенти Тоҷикистонро дар истиқрори сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар кишвар, таъмини рушди устувори Тоҷикистон ва таҳкими мақому эътибори он дар арсаи байналмилалӣ таъкид карданд.
Сарони давлатҳо зимни таъкиди аҳаммияти идомаи муколамаи байнидавлатии Тоҷикистону Беларус барои пешбурди минбаъдаи тамоми маҷмӯи робитаҳои ду кишвар дар доираи шарикии стратегӣ, ҷадвали мулоқотҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи дарпешистодаро дар сатҳи олӣ муҳокима намуданд. Президентҳои Тоҷикистон ва Беларус ҳамчунин оид ба масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор анҷом доданд.