Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) имрӯз бо тими миллии Муғулистон рақобат мекунад

Имрӯз, 5-октябр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои наврасони (U-17) дар гурӯҳи «H» оғоз мегардад. Дар ин гурӯҳ дастаҳои наврасони Тоҷикистон, Афғонистон ва Муғулистон барои роҳхатҳои қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё мубориза мебаранд.

Дар оғози марҳилаи интихобӣ мунтахаби Тоҷикистон (U-17) зери роҳбарии Раҳматулло Фузайлов бо ҳамсолони худ аз Муғулистон бозӣ мекунад. Вохӯрӣ миёни ин тимҳо соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе сурат мегирад. Бояд қайд намоем, ки даромадан ба варзишгоҳ ройгон аст. Биёед дар якҷоиягӣ футболбозони навраси кишварро дастгирӣ намоем!

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои наврасони то 17-сола:
Даври 1-ум
Рӯзи 5-октябр (чоршанбе)
Оғози бозӣ соати 19:00
Муғулистон – Тоҷикистон.