Баргузории Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати фарҳанг

Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ 4 октябри соли ҷорӣ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалӣ бо иштироки роҳбарият, муҳақиқону коршиносони соҳа ва кормандони Вазорат ва тобеи Вазорат баргузор гардид.

Дар ин бора Вазорати фарҳанг хабар дода, менависад, ки Ҳамоишро Муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид Одилзода ифтитоҳ тахшида, Рӯзи забони давлатиро ба иштирокчиён ва кулли мардуми Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.

Мавсуф дар баробари забони русӣ ба забони тоҷикӣ додани мақоми расмиву давлатӣ дар нимаи дувуми солҳои 80-уми асри XX, аниқтараш дар соли 1987 бо чопи мақолаҳо дар ин мавзӯъ марбут дониста, аз ҷумла чунин ибрози андеша кард: “Дар моҳи майи соли 1988 қарори якҷояи Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ва Шӯрои вазирони Тоҷикистон (№ 127 аз чоруми ноябри 1988) «Дар бораи чорабиниҳо дар мавриди такмили омӯзиши забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ» қабул карда шуд, ки он аввалин санади расмӣ дар бораи густариши забони миллӣ дар давраи бозсозӣ дар Тоҷикистон буд. Вале қабули ин санад дигар ба вазъи иҷтимоӣ таъсир расонида наметавонист ва таҳти таъсири боло рафтани худшиносии миллӣ ва муборизаи равшанфикрони тоҷик барои ба забони миллӣ додани мақоми давлатӣ 22 июли соли 1989 Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Қонуни забонро қабул кард. Баъд аз чанд рӯзи қабули қонуни «Тадбирҳо оид ба иҷрои Қонуни забони Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон» аз тарафи Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ ба се забон — тоҷикӣ, русӣ, узбекӣ қабул гардид”.

04.10.22.1 504.10.22.1 8

Таъкид гардид, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар 5-уми октябри соли 2009 қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ» қабул гардид. Дар қонуни нав масъалаҳое, ки дар қонуни қаблии забон набуд, ҷойгоҳи худро пайдо кард.

Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки “Забон ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллӣ буда, чун ҷисми зинда барои афзудани тавонмандии худ ба ғамхориву пуштибонии пайвастаи давлату ҷомеа ниёз дорад.

Аксҳо аз Вазорати фарҳанг

.