Тими мунтахаби футзали Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар Ҷоми Осиё-2022, ки дар Қувайт ҷараён дорад ҳунарнамоияшро ба анҷом расонид.
Дар рақобати даври 1/4 ниҳоӣ тими мунтахаби футзали кишвар аз тими миллии Тайланд бо ҳисоби 2:3 дучори шикаст гардид. Қисми аввали бозӣ бо ҳисоби 0:1 бар нафъи футзалбозони Тайланд хотима ёфт. Лекин дар қисми дуюми рақобат футзалбозони тоҷик маҳорати олӣ нишон дода, ҳисоби бозиро 2:1 намуданд. Дар лаҳзаҳои охири бозӣ футзалбозони Тайланд яку якбора 2-голи дигар ба самар расонида, пирӯзиро ба даст оварданд.
Голҳоро аз ҳайати тими миллии кишвар дар ин бозӣ Иқбол Воситзода ва Идрис Ёров ба самар расониданд.
Бояд қайд намоем, ки дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2022 футзалбозони тоҷик бар Баҳрайн (4:3) ва Туркманистон (8:5) пирӯз шуда, аз мунтахаби Ӯзбекистон (2:3) шикаст хӯрда буданд.
Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал:
Даври 1/4 ниҳоӣ
Тайланд — Тоҷикистон 3:2.