Тими мунтахаби футзали Тоҷикистон имрӯз бо Тайланд рақобат мекунад

Дар доираи бозии даври 1/4 финали Ҷоми Осиё-2022 имрӯз, 4-октябр дар Қувайт тими мунтахаби футзали Тоҷикистон бо тими миллии Тайланд рақобат мекунад.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон зери роҳбарии Пайрав Воҳидов барои роҳ ёфтан ба даври ниманиҳоӣ бо тими футзали Тайланд, ки ғолиби гурӯҳи “А” гардид, ҳунарнамоӣ мекунад. Дар сабқатҳои гурӯҳӣ Тайланд бар Ироқ бо ҳисоби (3:2), бо Уммон бо ҳисоби (6:1) пирӯз гардида, дар рақобат бо Қувайт бо ҳисоби (2:2) мусовӣ кард.

Вохӯрии марҳилаи 1/4 ниҳоӣ Ҷоми Осиё-2022 миёни тимҳои миллии Тайланд ва Тоҷикистон имрӯз, соати 19:00 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.

Дар бозии имрӯза ба футзалчиёни мо барору комёбӣ таманно дорем!

Ҷоми футзали Осиё 2022
Тайланд – Тоҷикистон
Даври 1/4 финал
Рӯзи 4-октябр (сешанбе)
Оғози бозӣ соати 19:00 ба вақти Душанбе.