Акс аз АМИТ “Ховар”
Дар рӯзи нахустини даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд шаҳру навоҳии кишвар нақшаи даъвати тирамоҳиро иҷро карданд.
Тибқи иттилои АМИТ “Ховар” дар рӯзи нахустини даъвати ҳарбӣ тамоми шаҳру ноҳияҳои ВМКБ нақшаро пурра иҷро карданд. Ҳамчунин ноҳияҳои Сангвор 100%, Лахш 100%, Тоҷикобод 101%, Нуробод 101% ва Рашт зиёда аз 100 фоиз нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро намуданд.
Ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара аз аввалинҳо шуда, даъвати ҳарбиро иҷро намуданд.
Дар тамоми шаҳру наҳояҳо чорабиниҳои гусели наваскарон бо риояи тамоми анъанаҳо баргузор гардида, дар ҳузури иштирокдорон пешсафон, волидони сарбозон ва наваскарон бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.