Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии “МИСИС” – дар Душанбе мусобиқаи шоҳмотбозӣ баргузор мекунад

Бо ташаббуси Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи шоҳмоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 1-октябр соли равон Филиали Донишгоҳи милли тадқиқотӣ-технологияи “МИСИС” – дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10-умин солгарди кушодашавии Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии “МИСИС” – миёни устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ мусобиқаи шоҳмотбозиро баргузор менамояд.

Ҷиҳати иштирок дар ин мусобиқа бояд ҳар як донишгоҳ то рӯзи 30-юми сентябри соли 2022 ҳуҷҷатҳояшро бо зикри ному насаб ва вазифаи иштирокчиён пешниҳод намояд. Дар мусобиқа иштирокчиён танҳо бо шиноснома роҳ дода мешаванд.

Барои иштирок намудан дар ин мусобиқа ба суроғаи зерин муроҷиат намоед: ш.Душанбе, кучаи. Назаршоева, х.7 (Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии “МИСИС” дар шаҳри Душанбе).
Телефонҳо барои тамос: 918459923; 901032223.
Почтаи электронӣ: a-haitov@mail.ru