Ғолибони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бокс муайян гардид

Аз 24 то 27-уми сентябр дар шаҳри Хуҷанд Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бокс доир гардид. Мусобиқа аз рӯи 13-вазн баргузор шуд.

Рақобатҳои финали дар рӯзи охири мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бокс сурат гирифт.

Дар баробари варзишгарони ҷумҳурӣ, инчунин муштзанҳо аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя – Ӯзбекистон ва Афғонистон низ ширкат варзиданд.

Дар мусобиқа аз 13-вазн дар 11-вазнаш варзишгарони тоҷик ғалаба карданд, ва дар ду вазн намояндагони Ӯзбекистон пирӯз шуданд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари Ҷом ва медал бо тӯҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамин тариқ, дар аввалин мусобиқаи бокс барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазни -48кг Усмонҷон Мирзоев ғолиб шуд. Ӯ дар финал Умарқул Эрматови ӯзбекистониро шикаст дод.

Дар вазни -51кг Меҳроҷ Ҳамидов аз дастаи Душанбе дар финал Ҳабиби Раҳматуллоро аз дастаи ШНТМ мағлуб карда, ҷойи аввалро касб кард.

Барои ғолиб шудан дар вазни -54кг Муҳаммадалӣ Ҳасанов бо Эмомалии Раҳмон аз тими Хатлон рақобат намуда, дар натиҷа Муҳаммадалӣ ғолиб гардид.

Дар вазни -57кг намояндаи вилояти Суғд Хусравхон Раҳимов медали тиллоро ба даст овард. Ӯ дар рақобати финалӣ ҳамдастааш Искандарбек Рустамовро мағлуб кард.

Зери вазни -60кг Абдураҳим Ёқубов (Суғд) ва Абубакр Муродзода (Хатлон) дар рақобати ниҳоӣ бо ҳам вохӯрданд. Дар натиҷа ҷои аввал насиби Абдураҳим гардид.

Дар вазни то 63,5кг Баҳодур Усмонов иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 барандаи нишони заррини Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бокс дар шаҳри Хуҷанд дониста шуд. Дар даври ниҳоӣ Баҳодур ҳарифаш Ромиз Шарифзодаро сарафканда кард.

Дар финали вазни -66.5кг ду намояндаи кишвари Ӯзбекистон Сулаймон Латипов ва Уткурбек Абдулқодиров бо ҳам нерӯсанҷӣ карданд ва пирӯзӣ насиби Сулаймон Латипов гашт.

Муштзани ҷавон ва умедбахши кишвар Абдумалик Болтаев дар вазни -74кг сазовори медали тилло шуд. Ӯ дар финал бар Ашурбек Ҷиянов аз Ӯзбекистон дастболо гардид.

Дар финали вазни -80кг Шаббос Негматуллоев бар Шаҳбоз Ҳаитов ғалаба карда, ғолиби Ҷоми Президенти ҶТ оид ба бокс дар ин вазн гардид.

Дар вазни -86кг Наврӯз Ҷафоев дар финал Парвиз Каримовро ноком кард.

Дар вазни -92кг бошад Бобур Юлдошев аз Ӯзбекистон ҷои аввалро сазовор шуд. Бобур дар финал Насим Шариповро шикаст дод.

Дар финали вазни +92кг муштзани маъруфи кишвар Ҷаҳон Қурбонов бо Муҳаммад Аброриддинов нерӯсанҷӣ карда, ғолиб гардид ва медали тиллоро ба даст овард.