Аз якуми октябри соли 2022 даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз мегардад. Ба ин муносибат бо иштироки масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват, ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни пеш аз даъватӣ баргузор гардиданд.
Аз ҷумла, дар ҷаласае, ки бо ҷалби комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар пойгоҳи қисми низомии 02615-и Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ баргузор гардид, дар он пеш аз ҳама дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” иҷрои талаботи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи даъвату гусели шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро дар бар мегирифт.
Дар рафти ҷаласа, доир ба дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Вазорати мудофиа сухан гуфта, таъкид намуд, ки вазъи ноустувору зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, имрӯз аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ омодабошии доимии ҷангӣ ва масъулияти баланду муносибати ҷиддиро дар самти иҷрои вазифаву ӯҳдадориҳои хизматӣ тақозо менамояд. Баланд намудани иқтидори мудофиавии кишвар ин пеш аз ҳама ба таҳкиму тақвият бахшидани тамоми самту соҳаҳои фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ вобастагӣ дорад.
Аз ин рӯ, қатъӣ супориш дода шуд, ки масъулини ин чорабинии муҳими сиёсӣ, пеш аз ҳама ҳамкориро бо мардум боз ҳам ҷоннок намуда, ба масоили ташкилу ба роҳ мондани сифати даъват диққати аввалиндараҷа равона намоянд ва дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, тамоми шароити заруриро барои ҳайати комиссияҳои даъватӣ муҳайё созанд. Илова бар ин, дастур дода шуд, ки вобаста ба муроҷиати мардум, дар доираи талаботи қонунҳои амалкунанда, сари вақт қарори дахлдор қабул намоянд.
Таъкид гардид, ки масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват, ба омӯзиши шахсияти даъватшавандагон, ташхису муойинаи тиббӣ, ҷалби ҳарчӣ бештари фарзандони шахсони мансабдор, пешгирӣ аз ҷинояту роҳҳоиғайриқонунии даъват, омода кардани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳ дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, риояи дурусти пӯшидани сару либоси низомӣ, ташкилу роҳандозӣ намудани дарсу машғулиятҳои соҳавӣ ва ба масоили муомилаву муносибати хуб бо шаҳрвандон диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, кӯшиш намоянд, ки ҷавонони солиму бардам ва болаёқатро интихоб ва ба сафи Артиши миллӣ равона созанд.
Дар идомаи ҷаласа инчунин ба масъулини раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералӣ ва фармондеҳони навъи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дастур дода шуд, ки ба масоили қабулу ҷобаҷокунии наваскарон дар қисмҳои низомӣ, ба онҳо вобаста намудани афсарону сержантони ботаҷриба,ғамхорӣ зоҳир намудан ба сарбозони ҷавон ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ, таҳия ва дар амал татбиқ намудани барномаву машғулиятҳои дарсии “Ҷанговари ҷавон” ва ҷиҳати пурра таъмин намудани навдаъватшудагон бо тамоми шароити хизмативу майишӣ ва ҳам таълимӣ тадбирҳои саривақтиро роҳандозӣ намоянд ва фаъолияти рӯзмарраву хизматии афсарону сарбозон ва дар маҷмӯъ зертобеони худро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.
Фаридун Маҳмадалиев
сардори Маркази матбуоти Вазорати
мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник
Бознашр аз www.mort.tj