27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе бинои нави маъмурӣ ва таълимии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзодаро ифтитоҳ карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки иншооти нави маъмурӣ ва таълимии Донишкада аз 3 бинои 5-ошёна ва таҳхона иборат мебошад.
Иншооти таълимӣ барои 1430 нафар донишҷӯй дар як баст лоиҳабандӣ шудааст. Бинои мазкур дорои 41 синфхона, 4 толори машғулияти назариявӣ барои 140 нафар, маҷлисгоҳ бо 120 ҷойи нишаст, китобхонаи электронӣ, китобхона бо адабиёти таълимӣ ва забономӯзӣ, 47 ҳуҷраи кории устодон ва таҳхона барои бойгонӣ мебошад. Толори варзишии Донишкада пурра аз таъмири асосӣ бароварда шудааст.
Дар Донишкада 2 синфхонаи лингофонӣ, 9 синфхонаи компютерӣ муҷаҳҳаз бо технологияи муосир, китобхонаи электронӣ бо 50 ҷойи нишаст, толори фарҳангӣ бо 235 ҷой мавҷуд буда, раванди таълим пурра бо истифода аз тахтаҳои электронӣ ва проекторҳо сурат мегирад. Ҳоло дар Донишкада 404 компютер ба шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст буда, барои истифодаи ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён дастрас мебошад.
Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020-2040 дар Донишкада имконоти фарох муҳайё мебошанд.
Бинои нав бо тарҳи зебову замонавӣ ва мувофиқ ба стандарти байналмилалии таълим бунёд шуда, бо тамоми ашёи зарурии илмомӯзӣ муҷаҳҳаз аст.
Президенти мамлакат бо шароити муосири донишомӯзӣ дар донишкада шинос шуда, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.
Бояд гуфт, ки Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода соли 1979 ҳамчун Донишкадаи омӯзгории забон ва адабиёти руси Тоҷикистон таъсис ёфт.
Бори аввал донишҷӯён ба Донишкада соли 1980 қабул гардиданд, ки шумораи онҳо 525 нафарро ташкил медод. Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ шумораи донишҷӯён рӯз аз рӯз боло рафта истода, дар айни ҳол ба 5100 нафар расидааст. Ин шумора нисбат ба солҳои аввали таъсис 10 баробар афзудааст.
Дар Донишкада солҳои аввали фаъолият мутахассисон танҳо дар самти ихтисосҳои факултети филологияи рус омода мегардиданд. Баъдтар солҳои 2000-ум дар доираи се факултет — филологияи рус, забонҳои Шарқ ва забонҳои романию германӣ ва даҳсолаи охир дар доираи 5 факултети зерин — филологияи тоҷик, филологияи рус, забони англисӣ, забонҳои Осиё, забонҳои Аврупо, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва 31 ихтисос мутахассисон аз рӯйи 11 забон дар самтҳои омӯзгорӣ, тарҷумонӣ ва забоншиносӣ дар зинаи бакалавриат омода карда мешаванд.
Дар шуъбаи рӯзона ва дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ 1796 нафар донишҷӯ, аз ҷумла, 1560 нафар духтар ва дар маҷмӯъ 4999 нафар донишҷӯ, аз ҷумла, 3573 нафар духтар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз шумораи умумии донишҷӯён 202 нафар тибқи квотаи Президентӣ таҳсил менамоянд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ 12 217 нафар донишҷӯ Донишкадаро бо касбҳои омӯзгорӣ, тарҷумонӣ ва забоншиносӣ хатм намуданд.
Дар Донишкада 434 нафар фаъолият менамоянд, ки аксари онҳоро ҳайати роҳбарикунанда ва профессорону омӯзгорони асосӣ ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии кормандону омӯзгорони асосии Донишкада 80 нафарашон устодони дорои дараҷаи илмӣ, 10 нафар доктори илм ва 70 нафар номзадҳои илм мебошанд.
Дар панҷ соли охир дар шӯроҳои диссертатсионии ватанӣ ва хориҷӣ аз ҳайати омӯзгорони Донишкада 37 нафар рисолаи номзадӣ ва 4 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя намудаанд.
Донишкада бо беш аз 52 муассисаву ташкилоти хориҷӣ, ҳамкории бисёрҷабҳа ба роҳ мондааст, ки дар пешрафту ишкишофи ҳамаҷонибаи Донишкада мусоидат хоҳанд кард.
Дар ин муддат 423 нафар донишҷӯёни Донишкада ба кишварҳои хориҷӣ барои идомаи таҳсил сафарбар карда шудаанд.
Ҳамзамон дар ин давра шаҳрвандони кишварҳои хориҷи дуру наздик низ дар зинаҳои бакалавриат, магистратура, аспирантура ва курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзии Донишкада ба ҳайси донишҷӯ, аспирант ва шунаванда ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки шумораи умумии онҳо ба 2696 нафар мерасад.
Илова бар ин, дар ин муддат ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши забондонии донишҷӯёни Донишкада аз 21 кишвар омӯзгорони соҳибзабон барои фаъолият ба Донишкада ҷалб гардиданд, ки 213 нафарро ташкил медиҳанд.