Тими мунтахаби Тоҷикистон дар доираи бозии даври ниманиҳоии мусобиқаи байналмилалии “King’s Cup 2022” бо тими Тринидад ва Тобаго рақобат намуд. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи “The 700th Anniversary of Chiang Mai”-и шаҳри Чиангмайи Тайланд баргузор гардида, бо натиҷаи 2:1 ба фоидаи мунтахаби Тоҷикистон хотима ёфт.
Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 27-уми рақобат Ҷуда Гарсия кушода, мунтахаби Тринидад ва Тобагоро ба пеш баровард. Дар қисми дуюми бозӣ дастпарварони Петр Сегрт бозии бисёр олӣ нишон доданд. Дар дақиқаи 47-уми бозӣ Муҳаммадҷон Раҳимов ҳисоби бозиро баробар кард ва дар дақиқаи 75-уми рақобат бозингари бомаҳорати тими миллӣ – Эҳсони Панҷшанбе бо як зарбаи дарвозакӯб ба ҳисоби бозӣ нуқта гузошт. Ҳамин тариқ бозӣ бо ҳисоби 2:1 бар нафъи мунтахаби Тоҷикистон ба поён расид.
Тими мунтахаби Тоҷикистон ҳамакнун пас аз ғалаба бар муқобили тими мунтахаби Тринидад ва Тобаго, ки соли 2006 дар Чемпионати Ҷаҳон иштирок намуда буд, ба финали мусобиқаи байналмилалии “King’s Cup 2022” роҳ ёфт. Мунтахаби Тоҷикистон дар рақобати ниҳоӣ бо тими Малайзия андари майдони рақобат мешавад. Бозии ниҳоӣ рӯзи 25-уми сентябр соати 18:30 ба вақти Душанбе баргузор мегардад.
48-умин Мусобиқаи байналмилалии “King’s Cup 2022”
Даври 1/2 ниҳоӣ
Тринидад ва Тобаго 1:2 Тоҷикистон
Голҳо: Ҷуда Гарсия ’27, Мухаммаджон Рахимов ‘47, Эҳсони Панҷшанбе ‘75.