Тайи чанд рӯзи охир дар саросари ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи Рудакӣ ҳамоишу конфронс ва маҳфилҳои адабӣ баргузор гардида, доираи васеи иштирокдорону ҳаводорони адабро ба ҳам овард. Ҳамзамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ шоирону нависандагон бо шеърҳои тозаэҷод ва суханҳои ноб ҳамватанонро ба ин рӯз табрик гуфтанд. Дар ин маҳфилҳо бештар ба кадом ҷанбаи ҳаётии сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Чун анъана пас аз хондани ин ё он матлаб ва ё ҳузур доштан дар маҳфиле шахс ба натиҷагирӣ мепардозад, ҳусну қубҳи онро муайян мекунад ва аз таассуроти гирифтааш ба атрофиён иттилоъ медиҳад. Мо низ пас аз баргузории як қатор чорабиниҳо ва хондани матолиби гуногун тасмим гирифтем, то аз таассуроти худ чизе гуфта бошем. Боиси хушнудист, ки мардуми тоҷик то ба имрӯз ба фарҳангу оини гузаштагони худ арҷ мегузорад. Махсусан, ба хотири бузургдошти сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик сокинони мамлакат дар шабакаҳои иҷтимоӣ пораҳои шеърӣ хонданду аз ҳаёт ва фаъолияти устод Рӯдакӣ ёдовар шуданд. Аксарият аз он болиданд, ки имрӯзҳо ашъори устод Рӯдакиро ҷаҳониён мехонанду медонанд. Воқеан, мо ҳатто навореро пайдо кардем, ки сафири фавқуллода ва мухтори ИМА Ҷон Марк Поммершайм аз мероси бою рангини Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ёдовар гардидааст.
Дар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимӣ Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил гардида, чун ҳарсола бештар мавзӯъҳои панду ахлоқӣ, ҷиҳатҳои илмӣ, нақши устод Рӯдакӣ дар рушду такомули забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Тавре Садриддин Негматов шаҳрванди ҶТ, ки айни замон дар ҷумҳурии Туркия фаъолият менамояд, дар суҳбат бо мо гуфт, боз ҳам хубтар мебуд агар дар ин навиштаҳо навгониеро вомехӯрдем. Зеро шабакаҳои иҷтимоиро шаҳрвандони давлатҳои гуногун истифода мекунанд ва бояд, ки аз бузургони миллати тоҷик маълумоти зиёд дошта бошанд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ низ чорабинии театрикунонидашуда зери унвони “Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некӯшоирӣ” баргузор гардид. Донишҷӯёни ин даргоҳ Гулзода Шералӣ ва Ҷамшед Муродзода гуфтанд, ки баргузории чорабинӣ барои маълумоти бештар гирифтани ҷавонон кӯмак намуд ва онҳо таассуроти нек гирифтанд. Ба таъкиди донишҷӯён, ба шеъҳои лирикии устод Рӯдакӣ имрӯзҳо бештар ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, зеро ба дили онҳо наздиктар мебошад.
Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар чорабиниҳои баргузоршуда бештар шеърҳоеро дар мисоли “То ҷаҳон буд аз сари одам фароз”, “Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме”, “Чун теғ ба даст орӣ”, “Бихандад лола бар саҳро” ва “Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ” қироат намуданд, ки миёни ҷомеа маълуму маъруф буда, ҳамасола шунида мешаванд. Ба андешаи омӯзгори МТМУ № 54 – и ноҳияи Айнии в.Суғд Зоҳир Сабуров дар мактаби онҳо хонандагон мутобиқ ба синну солашон шеърҳоро интихоб менамоянд. Ҳамин аст, ки бештар шеърҳое садо доданд, ки моҳияти панду андарзӣдоранд.
Маврид ба тазаккур аст, ки новобаста ба чорабиниҳои баргузоргардида ва матолиби паҳншуда, ки ифтихороти зиёдеро дар худ ниҳон медорад, таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар кишвар аз солҳои қаблӣ тафовуте надошт ва якранг буд. Мо дар саҳифаҳои иҷтимоӣ танҳо ҳамон чанд матни обшӯставу қолабӣ ва ашъори маъруфи устод Рӯдакиро вохӯрдему халос. Ҳол он ки маҷмӯи осори шоири шаҳир пурғановат аст. Мо набояд, ки ҳамасола дар як қолаб, аз чанд шеъри маъмулӣ ёдовар шавему ба аудитория фақат чанд ҷумлае аз ҳаёту фаъолияти шоир ва он ҳам танҳо бо забони тоҷикӣ пешниҳод намоем.Хуб мебуд агар аҳли илму адаби мамлакат ҳамасола тозагие дар конфронсу чорабиниҳои худ медоштанд ва ё сенарияҳои худро ба тарзи нав пешниҳод мекарданд, то ин ки якрангиву обшустагиро оҳиста – оҳиста барҳам хӯрад.
Парвина Самандарзода
радиои “Тоҷикистон “