Сомонӣ  ба биржаи Маскав роҳ меёбад, аммо рубли русӣ асъори ягонаи байналмилалӣ мешавад?

Сомонӣ дар биржаи Маскав пайдо мешавад. Дмитрий Волвач, муовини вазири рушди иқтисоди Русия, гуфтааст, ки  гузариш ба пули миллӣ барои афзоиши гардиши мол миёни Федератсияи Русия ва Тоҷикистон зарур аст. Волвач тавзеҳ дод, ки ҳоло миёни Маскав ва Душанбе 57%-и ҳисоббаробаркуниҳо дар додугирифти мол бо асъори миллӣ анҷом дода мешавад. Алакай як қатор асъори кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва ИДМ дар биржаи Маскав дар ҷуфт бо рубл фаъолона муомилот мешаванд. Ин ҳам ба тиҷорат ва ҳам ба сармоягузорӣ таъсири мусбат мерасонад, гуфт, муовини вазири рушди иқтисоди Русия. Дар ояндаи наздик Волвач ҷуфти “рубл – сомонӣ” бояд дар бузургтарин биржаи Русия пайдо шавад.  Аммо суоли матраҳ ин аст, ки Тоҷикистон, аз ин ҳисоб чи нафъ мебинад? Сўҳбате дорем бо таҳлилгари  масоили иқтисодӣ Фозилҷон Файзуллоев.

Пайдоиши пулҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ махсусан аз Тоҷикистон дар биржаи Маскав, барои кишвари мо чи нафъ дорад?

– Чи тавре, ки Аврупо ба тариқи аъсори экӣ ба асъори ягонаву байналмилалӣ гузашта буд, давлатҳои пасошӯравию аъзои СҲШ низ мехоҳанд бо ҳамин усул гузаранд. Масалан дар солҳои 1999 Олмону Фаронса ба евро гузаштанӣ буданд, онҳо аввал гардиши мубодилаи асории худ ва мубодилаи молу ашёяшонро ба тариқи қурби асъор баробар карданд. Яъне,  як франки фаронсавӣ ба як дойчмаркаи олмонӣ баробар шуд. Дар натиҷа онҳо ба асъори ягонаи экӣ гузаштанд. Тоҷикистон, Ӯзбекистон Қазоқистон ва дигар кишварҳои минтақа низ мехоҳанд бо ҳамин усул гузаранд. Онҳо аввал қурби асъори худро баробар мекунанд ва баъдан як асъори муайянро асъори байналмилалӣ эълон мекунанд. Дар пайи ин низоми бонкиро низ муттаҳид мекунем. Қадами сеюм гузариш ба асъори ягонаи байналмилалӣ ба мисли шояд рубли русӣ ё дигар асъори ягона интихоб мекунанд, ки ин ба роҳбарони кишварҳо дахл дорад. Яъне ҳадаф роҳандозии асъори ягона аст.

Ҳар кўшише мешавад, мебинем вобастагии кишварҳо ба таври зарурӣ аз доллари Амрико аз байн намеравад. Оё ин метавонад ба истилоҳ ба нузули доллар боис шавад?

 Дуруст аст, ки вақте вобастагии мо аз доллару евро кам шавад, барои мо беҳтар аст ва некуаҳволӣ хубтар мешавад. Вақте талабот ба доллар кам шуд нуфузаш низ кам мешавад. Ҳоло тақрибан 73,8 фоизи доллар бо миқдору арзиши мол таъмин нашуда аст. Ин хавфаш бештар аст, зеро он мисли ҳавои холӣ аст. Ҳоло дар ҷаҳон доллар зиёд, вале бо он харидуфурўш нашудааст. Он бо кадом сабаб чоп шудааст, маълум нест. Тарси Амрико дар он аст, ки ин дар оянда таъсири бад дошта метавонад, зеро ҳар буҳроне сурат бигирад зарари он танҳо дар дохили Амрико мешавад. Ин аст, ки агар мо асъори ягона ташкил кунем ҳар буҳроне, ки дар Аврупову Амрико сар мезанад таъсираш ба мо намерасад,  аммо агар дар кишварҳои аъзо чи буҳроне сар занад он барои мо бетаъсир нест.

 Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар оянда дар Аврупо буҳрон сар мезанад, ба фарзи мисол, пешгўиҳо нишон медиҳад, ки дар квартали якуми соли 2023 буҳрони дефолт дар кишварҳои Аврупоӣ сар мезанад ё дар Амрико аз сар задании буҳронҳо мегўянд.

Бовар доред, ки дар ин раванд ҳуқуқу манофеи давлатҳо ба инобат гирифта мешавад?

Дар ҷаласаи гузаштаи сарони кишварҳои аъзои СҲШ дар Самарқанд дар ин маврид сўҳбат сурат гирифт. Роҳбарони давлатҳо байни ҳам як шарт гузоштанд, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои давлатҳои аъзо баробар ба инобат гирифта шавад ва ба манофеи ягон давлат авлавият дода намешавад, ки ин хуб аст, ва дар масоили иқтисодӣ низ бовар дорем ин амал мекунад.

Баъзан мегўянд ташкили ин гунна асъори ягона барои кишварҳои рушдкарда нафъи бештар дорад? Мушаххас гўед кори ин система чи гуна мешавад?

Яъне, ҳаммаи он трейдерҳое, ки дар Русия ҳастанд, онҳо ҳуқуқ доранд, ки ба тариқи сомонӣ молу маҳсулоти Тоҷикистонро харидорӣ кунанд. Онҳо тариқи биржаи байналмилалӣ ва муайянкунии арзиши асъор сомониро харидорӣ мекунанд ва бо он имкон пайдо мекунанд, ки маҳсулоти Тоҷикистонро дар кишварашон харидорӣ намоянд. Ин ба устувор шудани пули мо боис мешавад, ба шарте, ки истеҳсоли кишвари мо фаъол бошад.

Ташаккур!

Саломат бошед!

Суҳбатнигор: Саидэҳсони Ҷалолиён

радиои «Тоҷикистон»