Варзишгарони тоҷик ҷиҳати иштирок дар Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ ба Самарқанд сафар карданд

Рӯзҳои 23-25 сентябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук доир мегардад.

Дар ин мусобиқа иштироки варзишгарон аз 9-кишварҳои Осиёи Марказӣ – Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркменистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, инчунин Филиппин, Тайланд ва Малайзия дар назар аст. Ҳайати мунтахаби Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 17-варзишгар, зери роҳбарии сармураббӣ Ғайрат Неъматов ташкил медиҳад.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи варзиши сабуки Ҷумҳурии Ӯзбекистон, рақобатҳо дар маҷмааи варзишии “Афросиёб Арена” баргузор мегарданд. Варзишгарон дар сабқатҳои дав ва майдонӣ ё техникӣ – ҷаҳиш ба баландӣ, ҷаҳиш бо ходачӯб, ҷаҳиш ба дарозӣ, ҷаҳиши секарата, партоби диск, найза, гулула, гурзандозӣ сабқат менамоянд.

Дар рӯзи сеюми мусобиқа марҳилаи навбатии дави байналмилалии хайриявӣ “Save Aral 2022” доир хоҳад шуд. Беш аз 2000-иштирокчӣ бо мақсади ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба буҳрони экологӣ дар атрофи баҳри Арал медаванд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук:
Бонувон:
Кристина Пронженко (400м; 800м)
Раҷабмо Абдуллоева (5000м; 10000м)
Мавлуда Асламова (партоби гулула, партоби найза)
Муштарӣ Бодоқулова (партоби диск)
Мардҳо:
Александр Пронженко (100м; 200м)
Абубакр Носиров (100м; 400м)
Фаворис Музрапов (100м; 200м)
Илдар Аҳмадиев (200м)
Ленид Пронженко (110м/монеа; 400м/монеа)
Муҳаммадризо Мирзозода (400м; 400м/монеа)
Ҳасан Кулов (800м; 1500м)
Меҳрубон Шамсиддинов (5000м; 10000м)
Зуҳуршоҳи Наҷмиддин (5000м; 3000м/монеа)
Меҳробҷон Одинаев (10000м; 3000м/монеа)
Ҳусниддин Зарипов (ҷаҳиш ба баландӣ)
Абдурауф Мусоев (партоби гулула ва гурз)
Зикрило Турахонов (партоби найза)