Ҷанбаи тасвир ва мақоми он дар ташаккулу таҷассуми ҷавҳари шеърият дар як асари манзум дар адабиётшиносии даҳаҳои охир аз муҳимтарин ва пурравнақтарин мавзӯъҳои пажӯҳишӣ будааст. Аммо дар зимн бояд иқрор кард, ки худи мафҳуми тасвир ва тасвиргарии шоирона, анвоъу ақсоми он ба сурати назарӣ ва амалӣ ҳанӯз ниёз ба бознигариҳои ҷиддӣ дорад.
Ғолибан мо тасвирро то кунун дар таркиби ташбеҳ (бештар ташбеҳи равшан) ва аҳёнан дар амалиёти зоҳирии падидаҳо, ҷонварон ва инсонҳое дидаем, ки заминаи образ ё худ сувари хаёли шоирона ва таҷассуми шоиронаи воқеиятро ташкил додаанд. Аз ин ҷост, ки ҳар гоҳ аз тасвиргариҳои шоиронаи устод Рӯдакӣ масал зада мешавад, ғолибан ҳамон ашъораш чун шоҳиди мисол иқтибос мегардад, ки дорои ташбеҳи равшан ҳастанду халос.
Аз ҷумла, байти мансуб ба ӯ (ки онро ба Қатрон ҳам нисбат медиҳанд):
Бихандад лола бар саҳро ба сони чеҳраи Лайло,
Бигиряд абр бар гардун ба сони дидаи Маҷнун.
Аммо дар асл, агарчи барҷастатарин вижагии шеъри устод Рӯдакӣ равшанбаёнӣ аст, ӯ ҳаргиз тасвирро дар сатҳи болои шеър қарор надода ва чунон нанамуда, ки муроди аслии ӯ аз шеъре тасвирсозию тасвирпардозӣ ва ба ин васила намоиши қудрати табъ бошад. Тасвирҳои устод Рӯдакӣ хеле бештар аз як тасвири маҳз ҳастанд. Тасвири маҳз ҳам холӣ аз лутфу ҳол ва арзиши маънавию эстетикӣ нест. Он ҳам моро бо ҷаҳони хориҷ ошнотар ва маҳрамтару қарин месозад ва эҳсоси зебошиносиро дар вуҷуди мо парвариш медиҳад, яъне инсонтар мекунад. Аммо тасвирҳои Рӯдакӣ василае ҳастанд, ки бо латофати худ маъонии беш аз он латифро дар ҳарир мегиранд ва дилпазиртар месозанд. Масалан ба ин қитъа таваҷҷуҳ шавад:
Зулфи туро ҷим ки кард? Он ки ӯ
Холи туро нуқтаи он ҷим кард.
В-он даҳани танги ту гӯйӣ касе
Донагаке нор ба ду ним кард.
Шоир намегӯяд, ки “Зулфи ту чун ҷиму холат нуқтаи он”, ки ин тасвири сатҳӣ ва маҳз аст. Ҳамчунин намегӯяд “Даҳонат донаи норест дуним”. Ин корро бар худ раво намедорад, чандон арзише ҳунарӣ ҳам нахоҳад дошт. Ин дар ҳолест, ки шояд пеш аз ӯ касе чунин ташбеҳеро ба кор набурда. Вале бисёре аз шоирони баъдӣ, ки меросбарони Рӯдакӣ будаанд, ҳамин гуна тасвири сатҳӣ ва маҳзро аз айни ҳамин сувари хаёл (образҳо) барои худ раво шумурдаанд. Муроди аслии Рӯдакӣ печида дар ҳарири ин тасвирҳо ин аст, ки бигӯяд: Чи касе ин корро кард? Холи маҳбубро кӣ нуқтаи ҷими зулфи ӯ кард? Маълум аст, ки офаридгори ӯ, на машшота ва он корро бо даҳани чун “донагаки нор”-и маъшуқ низ офаридгори ӯ анҷом додааст. Суол дар ин шеър таҷоҳули ориф аст ва худи шоир асли маъниро медонад. Мунтаҳо шоир мехоҳад бо қудрати тамоми шоирии худ ба субут бирасонад, ки ҳусни маҳбуби ӯ худодод ва табиъист, на маснуъӣ.
Гузашта аз ин, табъи халлоқаи шоир ӯро аз маҳдудаи тасвирҳои ъайнӣ ба сӯйи тасвирҳои зеҳнӣ савқ медиҳад, ки аз он ба баъд истилоҳи “тасвир” барои ин суварпардозиҳо кифоят намекунад, ин ҷо мо бо падидае дигаре сарукор дорем, ки онро дурусттар аст на “тасвир” балки “ТАСАВВУР” ё “ФАРЗ” биномем, зеро аксари тасвирҳо дар он комилан зеҳнӣ ва парвардаи маҳзи тахайюли шоир, албатта бар асли мушоҳида ё тасаввури як воқеият, мебошанд, ки онро “фарзи шоирона” низ метавон номид:
Фариштаро зи ҳаловат даҳон пуроб шавад,
Чу аз ҳаловати май дилбарам лабон лесад.
Равон шавад зи дидаи афлокиён ҷайҳун,
Нисоли тираш агар қабзаи камон лесад.
Бахокхуфтаи тири ту аз ҳаловати захм,
Забон баровараду захмро даҳон лесад.
Ин шеваи тасвиргарӣ ва тасвирсозӣ, яъне тасаввур ва фарз уфуқҳои маънипардозии бадеъи шоиронаро вусъати беҳадду марз мебахшад, зеро зеҳни фаъъол ва халлоқаи шоир танҳо бо ишорати сарангуште аз воқеиятҳо метавонад ҷаҳоне маънавиро бозофаринӣ кунад ва чун зеҳни шоир олами фардии ӯро ташкил медиҳад, ин тасаввурҳо ва фарзҳо метавонанд комилан ибдоъгарона ва беназиру мисол бошанд. Ба ҳамин васила ҳаст, ки устод Рӯдакӣ ситоиши мамдуҳи худ Насри Сомониро ба наҳви аҳсан анҷом дода метавонад. Зеро мамдуҳи ӯ шахсиятест, ки ба қавли худи шоир:
Гуфт надонӣ сазош, хезу фароз ор
Ончи бигуфтӣ, чунон ки бояд, натвон.
Барои адои ин вазифаи қалбӣ ва содиқонаи худ, яъне “гуфтани сазош ончунон ки бояд” устод Рӯдакӣ аз баёни аён ва тасвири зоҳир ба тасаввуру фарз мепардозад, ки бизоаташ дар ин водӣ тамомшуданӣ ва маҳдуд нест ва мегӯяд:
Шоҳе, ки ба рӯзи разм аз родӣ
Заррин биниҳад ба тир–дар пайкон,
То куштаи ӯ аз он кафан созад,
То хастаи ӯ аз он кунад дармон.
Оё метавон бовар кард, ки шоҳе (бигузор Насри Сомонӣ) аз ғояти ҳиммату ҷавонмардӣ пайкони тири худро дар рӯзи ҷанг аз тило мекард, то ин тир ҳаркиро захмӣ мекард, он захмӣ аз ин пайкони тилоӣ худро даво менамуд ва агар кушта мешуд, ин пайкони тилоӣ сарфи маросими дафни ӯ мегардид. Ин ҳиммат ва бахшиш боз дар ҳаққи душман, на дӯст. Душвор аст, ки касе инро чун як воқеият бипазирад, аммо тасаввур ва фарзи шуҷоъонаи шоирона қуввате дорад, ки табъу завқ онро таҳсин мекунад ва ин таҳсин боиси қабули он мегардад. Дармеёбем, ки агар мамдуҳи шоир ороста ба камоли сифоти инсонпарварӣ ва ҳиммату родӣ намебуд, ин фарз ва ин тасаввур ба хотири шоир хутур наменамуд. Агар ин тасаввур тасвири як воқеият ҳам набошад сурати воқеии ҳиммати билқувваи мамдуҳи шоир мебошад.
Тасаввур зебоиҳои шигифтангезеро аз зеҳни шоир берун мекашад, ки ҳаргиз дар доираи имкони тасвири сатҳӣ ва маҳз имконпазир намегардад:
Биёру ҳон бидеҳ он офтоб, к–аш бихурӣ,
Зи лаб фуру шаваду аз рухон барояд зуд.
Ҳар тасвире, ки аз зоҳири рангу бӯйу нашъаи май бикунанд, ба ин тасвири фарзӣ, ки гардиши офтобро дар пайкари инсон ба тасаввур манзур месозад, баробар намеояд.
Он гуна ки ёдоварӣ шуд, фардияти зеҳнии шоир ва ҷаҳони рангину ғании ин зеҳният имкон медиҳад на яку ду, балки силсилаи тасаввурҳо ва ба ин восита маъниҳои ғарибро бисозад, ки муҳри фардият дар онҳо чандон сареҳ ва амиқ нишастааст, ки гумон аст, имкони такрор ё сирқати онҳо мавҷуд бошад.
Ба даври адли ту дар зери чархи миноӣ
Чунон гурехт зи даҳри дуранг ранги футур,
Ки боз шона кунад ҳамчу бод сунбулро
Ба неши чангали хунрез тораки усфур.
Тасвири камоли адлро дар шеъри ҳазору дусадсолаи тоҷик ғолибан бо таъбири “баҳам овардани гургу меш дар обишхур” баён кардаанд. Мукаррар. Он қадар, ки зарбулмасал шудааст. Аммо дар ин маъно низ баёни Рӯдакӣ дигар аст, фард аст, ғариб аст, фарзе ва тасаввурест ноб, ки аз умқи зеҳни рангини худи ӯ таровиш кардааст ва шоҳиди самимияти ӯ дар баёни ин маъно мебошад. Дар акси ҳол чи касе ин қадар ҳавсала ва биниши борики шоирона дорад, ки барои баёни ин маъно бозе (шоҳине)-ро тасаввур ё фарз кунад, ки сари гуҷишк (усфур)-ро бо чанголи худ аз сари шафқат шона бизанад ба он нармӣ ва назокате, ки насим бар шохаи сунбул мевазад. Ва ба илова ин ҳама тасвиргариҳои зеҳнӣ чунин сурат ва маънавияти айнӣ ва табиӣ дошта бошад.
Пештар дар силсилаи “Шеър ва дониш” дар хусуси “фарзи шоирона” ва тасаввури эҷодӣ зимни фасле алоҳида суҳбат шуда буд, аммо бо муроҷиати дигарбора ба ин мавзӯъ мустақиман дар ашъори устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ эътиқоде ба миён омад, ки ин мавзӯъ ба таври алоҳида шоёни рисолаи муфассале метавонад бошад.
Рустам ВАҲҲОБЗОДА,
Шоири халқии Тоҷикистон